ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2976
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2314
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5290
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24173
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19404
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1877567

Табрики Раиси шаҳри Ҳисор ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои нусратбахш, айёми бедории табиат, фасли шукуфтану умедҳои тоза ба рӯзи фардои саршор аз фараҳ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фарорасии Наврӯзи байналмилалиро самимона табрику муборакбод намуда, ба рӯзгоратон саховату фароғат, саодату футувват ва беҳтарин ҳадяҳои наврӯзиро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, ки бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.

Ин ҷашни аҷдодӣ, ки оғози Соли нав ва иқдому ормонҳои тозаи зиндагӣ маьсуб меёбад, барои мардуми нишони ҳастии тамаддуну фарҳанг, пайвандгари расму оинҳои миллӣ ва шукӯҳи ғановати давлати тозаистиқлоли тоҷикон буда, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва маърифати инсонӣ саҳми арзишманд гузоштааст.

Имрӯз Ватани азизамон, аз ҷумла, қаламрави Ҳисори шодмон қабои идона ба бар кардаву сокинони шаҳр баҳри рушду шукуфоии ҷомеа, таъмини нақшаҳои меҳнатӣ, фаровонии неъмат, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дучанд кору фаъолият доранд.

Ба сокинони шаҳр Наврӯзи оламафрӯзро муборак бод гуфта, барояшон табъи наврӯзӣ, дили саршор аз меҳру муҳаббат, завқи созандаву саодати зиндагиро таманно менамоям.

Наврӯзатон   муборак, ҳамшаьриёни азиз!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru