ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1557
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3462
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5019
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24166
mod_vvisit_counterҲамин моҳ43299
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1901462

Футувватмандони Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. (Рӯдакӣ)

Эҳсону саховат, дастгирии ятимону барҷомондагон, кӯмак ба ниёзмандону дармандон бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат табдил ёфта, дар ин рӯзгори пурошӯб, ки паҳншавии бемории сироятии каронавирус дар арсаи олам ва аз ҷумла дар кишвари мо мушкилот ва имтиҳони душвореро пешорӯӣ мо қарор додаасту мо дар моҳи шарифи рамазон қарор дорем мардони соховатпешаву накӯкор хуб огаҳанд, ки дар ин моҳи муборак дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи бандагонаш дучанд боз мегардаду дар байни мардуми мусулмон меҳру шафқат, бахшишу иноят ва меҳрубонию саховат бештар ба назар мерасад.

Мо борҳо нисбати хайрхоҳиву саховатпешагии бародарон Баҳром, Даврон, Рустам, Сӯҳроб, Шамсулло ва Убайдулло Сатторовҳо сухан карда аз дастгири пайвастаашон нисбати кормандони Муассисаи ободонию кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сухан гуфтаем.

Имрӯз низ бародарони футувватпеша иқдом гирифтаанд беш аз 100 халта орд ва ҳамин миқдор, биринҷ, равған, макарон ва собунро дастраси кормандони ин муаасиса намоянд.

Бародарон Сатторовҳо ҳамчунин ба сад нафар ниёзмандони деҳаи Хирманак ва аҳолии камбизоати ҷамоати деҳоти Сомон кӯмаки худро расонидаву дар оянда низ мерасонанд.

Мо барои чунин иқдоми инсондӯстона ба ин абармардони миллат изҳори сипосу эҳтиром намуда, барояшон таманнои он дорем, ки дуои ин модарон, ки эшонро фарзанди худ хондаанд мустаҷоб гардад ва комёбию пешрафти рӯзгор ҳамеша насибашон бошад.

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru