Пешвои миллат- кафили сулҳу ваҳдат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бахшида ба 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва Соли ҷавонон дар шаҳри Ҳисор конференсияи илмию адабӣ таҳти унвони «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу ваҳдат ва раҳнамоӣ ҷавонон» бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, ходимони намоёни сиёсию давлатӣ, Адолат Раҳмонова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Майсара Калонова, Рафиқа Мусоева, Ҳусноро Мирзоева ва Дилбар Муродова баргузор гардид.
Конференсияро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, баёни он дошт, ки «Дар ҳақиқат Иҷлосияи тақдирсоз бо Истиқлолияти давлатии мо дар як сатҳ ва дар як поя қарор дорад. Агар Эъломия мустақилият ва мавҷудияти давлатро бо номи Тоҷикистон эълон карда бошад, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, давлати тозаистиқоли моро аз парокандашавӣ эмин дошт ва миллати куҳанбунёди тоҷикро аз гирдоби нобудӣ раҳо бахшида, роҳбарӣ давлатро ба зиммаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт ва бо ҳидояти падаронаи Пешвои миллат моро чунин рӯзҳои саид ва саршор аз шодию фараҳ насиб гардид.»
Баъдан узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Султонмурод Одинаев, вакилони Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Халил Мирзоев, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо суханронӣ намуда, назари худро оид ба нақши иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат чун сиёсатмадори соҳибсиёсату соҳибмақом дар арсаи ҷаҳонӣ ва муҳимияти эълони Соли ҷавонон баён доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки сиёсати маънавиятасоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи худро аз минбари иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўзу фардоҳо пайванди маҳкам мебахшад, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа, махсусан насли наврасро ба ҳукми пойдевори мустаҳками истиқлолияти давлатӣ эътироф намуда, дар заминаи он зуҳури барномаҳои муҳим ба тасвиб расидааст...
Рӯйдоди наҷибе, ки бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат моро насиб гардид ин расидан ба сулҳи комил ва ба тасвиб расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва риозияти миллӣ аст.
Ҳар он чӣ то ва пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ мардуми моро насиб гардидааст, маҳсули роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад ва мо вазифадорем ба қадри ин неъмати беназир - пойдории сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Доир ба зиндагиномаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши Конститутсия, Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз ва моҳияти эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон муаррихону ҷомеашиносон ва аҳли зиё ақдидаҳои худро баён кардаанд ва ман имрӯз танҳо зикри он дорам, ки мо бояд бо амри виҷдону баҳои ҷон ҳомии асили Ватан, вориси ҳақиқии аҷдоди худ ва татбиқгари сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал бошем.
Умедворам, ки таҷлили бисту панҷумин солгарди баргузории Иҷлосияи шонзаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тозаеро барои шинохти таърихи навини Тоҷикистони азиз ҳамчун дарси бузурги миллатсозӣ ва оини давлатдорӣ фатҳ намуда, нусрату шукўҳи фузунеро барои имрўзу фардои мо ато хоҳад кард- иброз дошт раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.
Баъдан барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр манзури аҳли толор гардид.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru