ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз109
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4767
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56642
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427095

Модари саховатпеша

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Таърихи саховатмандони зиёдеро бо шарофати иҷрои амали нек дар саҳфаи худ ҷой додаву ба насли минбаъд аз он сабақи рӯзгор омӯхтааст. Дар рӯзгори мо низ инсонҳои хайрхоҳу футувватманде зиндагӣ доранд, ки мехоҳанд бо иҷрои амале дар рушди диёр ва таъмини зиндагии орому осуда ва пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Чунон ки қаблан зикр намудем дар шаҳри Ҳисор имрӯзҳо соҳибкорону саховатмандон даст ба иҷрои амалу хайру савоб зада, ободии шаҳрро мақсади худ қарор додаанд ва ободонии шаҳр ба маъракаи умуихалқӣ табдил ёфтааст. 
Инобат Шерматова – шаҳрванди шаҳри Ҳисор. Шояд дар бораи ӯ касе чизе надонад ва вақте ба симои ин зани нуронӣ, омӯзгори насли истиқлолофари диёр назар меафканӣ эҳсос мекунӣ чӣ ҷаҳони саршор аз меҳру муравватеро дорост. Аз сӯҳбату суханрониаш аён мегардад, ки воқеан омӯзгори асил буда, касби худро на танҳо барои шогирдон, ҳамчунин барои аҳли ҷомеа, пайвадону фарзандон пайваста муаррифӣ мекунад.
Бунёдкории фарзандонро дида, дар дилам оташи шавқи амал аланга зад. Ҳар кас кори хайру созандаро дида, хӯрдагарие кунад аз насли инсон нест. Мехоҳам ман ҳам ҳамроҳи фарзандони бонангу номуси худ дар иҷро ин корҳои созандагӣ саҳмгузор бошам - иброз дошт, дар сӯҳбати сарироҳӣ модари меҳрубону саховатпеша Инобат Шерматова.
Омадам то аз ҳисоби маблащҳои пасандозкардаи худ барои аҳли ҳашар хӯроки нисфирӯзӣ омода кунам- хоҳиш кард ин модари хайрхоҳ. Ҳарчанд аҳли ҳашар барои чунин иқдом изҳори эҳтиром намуда, аз ӯ танҳо дуои модарона хоҳиш намуданд, аммо ман мақсад гузоштам, хоҳиши маро ҳам ба инобат гиред - гӯён, мехост мақсадашро амалӣ намояд ва чунин ҳам кард. Он рӯз оши палови пӯхтаи модари меҳрубон лазатти дигар дошт, зеро бо дуои модаронаву мӯзди ҳалол тайёр шуд ва барои аҳли ҳашар поктарин луқма маҳсуб меёфт. Ба ин модари азиз барои чунин иқдоми нек аз номи аҳли ҳашарчиён ва сокинони шаҳр изҳори эҳтиром намуда, таманнои он дорем, ки рӯзгорашон фаровон аз неъмат, танашон сиҳат ва накутарин мақсадҳои наҷиби инсонӣ барояшон пиёда бод. Офарин ба чунин омӯзгороне, ки дар пиндору гуфтор ва рафтори худ барои дигарон намунаи ибратанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru