ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз640
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1895
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4321
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27446
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1256761

Ваҳдат – саодати миллат аст

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Дар толори шӯъбаи маорифи шаҳр маҷлиси ҳисоботии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлисро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо рӯномаи маҷлис шинос намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини Раиси шаҳр Абдуллозода У. оид ба фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2017 маълумот дод ва баъдан нақшаи кории фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Дар идомаи кори маҷлис тибқи рӯзномаи корӣ Холов Ҳидоятулло   муовини Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар сухани хотимавии худ раиси шаҳр ибрози он дошт, ки бо мақсади густариши муносибатҳои таҳаммулпазирона, таҳкими рисолатҳои олии Ваҳдати миллӣ, садоқат ба Ватан, худшиносию худогоҳии миллӣ, таҳкими бародариву ягонагӣ ва сулҳу субот фаъолиятро ҷоннок сохта, робитаро бо ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат дар маҳалҳо мустаҳкам намуда, барои сафарбар намудани аҳолӣ ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru