ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз189
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4847
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56722
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427175

Соли 2017 – соли дастовард ва рӯйдодҳои таърихӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» дар маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо намояндагони воситаҳои ахбор баргузор гардид.

Раиси шаҳр дар оғоз аз натиҷаи иҷрои протколи нишасти матбуотии қаблӣ ёдовар шуда, ҳамкорӣ ва равобити мақомоти давлатиро бо ВАО аз тадбири муҳим ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум маҳсуб донист.

Омӯзиш ва баррасии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишон медиҳад, ки дар соли 2017 қисми даромади буҷети шаҳр ба андозаи 101,5% иҷро ва ба буҷет 144,1 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар қиёс бо соли 2016  25,4 млн. сомонӣ зиёд аст.

Буҷети маҳаллӣ бошад 102,1 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 99,3 млн. сомонӣ, ба буҷет 101,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин аз нақша 2,1 млн. сомонӣ ва  нисбат ба соли 2016 ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Талаботи нафақа дар соли сипаришуда 58,5 млн. сомониро ташкил дода, маблағгузории он пурра амалӣ гардида, қарздории маблағи нафақа ва мӯзди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 169 млн. 987 ҳазор  сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 71,2 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 ба 654 млн. 396 ҳазор сомонӣ баробар буда, афзоиши он 112 фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагидорони шаҳр кишти майдони пахтаро ба 1002 га расониданд, ки он дар қиёс бо соли 2016   777 гектар зиёд буда, 2 ҳазору 565 тонна пахта истеҳсол гардид, ки дар муқоиса бо соли 2016 чоруним маротиба зиёдтар аст. Дар ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашата тадриҷан афзудааст.

Дар соли 2017 ба миқдори 7 ҳазору 928 тонна мева ва 19 ҳазору 5 тонна ангур истеҳсол гардид, ки ин нишондод нисбат ба  соли 2016 4 ҳазору 724 тонна мева ва 6 ҳазору 179 тонна ангур зиёд мебошад.

Кишоварзони шаҳр дар соли 2017 ба миқдори  7 ҳазору 911 тонна маҳсулот содирот намудаанд, ки дар қиёс бо соли 2016 850 тонна зиёдтар аст.

Дар майдони 406,4 гектар боғ ва 228 гектар токзори нав бунёд гардида, иҷрои дурнамои барнома 105% -ро фаро мегирад.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2017 1560 гектарро ташкил дод, ки он ба 104% нақша баробар аст.

Рушди соҳаи маориф ва хизматрасонии тиббӣ низ бо вусъат идома дошта, дар соли сипаригардида дар шаҳри Ҳисор бинои муассисаи таълими ибтидоии №134 барои 100 хонанда ва 28 сифхонаи иловагӣ бо 600 ҷои нишаст мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи навбунёди Ҷамоати шаҳраки Шарора барои 640 ҷои нишаст дар як баст  идома дорад. Дар соҳаи тибб бошад Беморхонаи минтақавии Меҳргон бо 50 кати табобатӣ ва 48 ҷои корӣ, Марказҳои саломатии деҳаҳои Сунбула, Ноҷии Боло, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Бағалак, Иттифоқ, Чаноб ва Тиргарон сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи марказии шаҳр бо таъсиси 205 кат идома дошта то ҳол ба маблағи 26 млн. 500 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расидааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасонии маишии ба талаботи замон ҷавобгӯй, барои сайёҳон як қатор тарабхона ва нуқтаҳои хӯроки умум дар ин шоҳроҳ мавриди истифода қарор гирифт.  Дар соли 2017 ба Муассисаи давлатии Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор зиёда аз 26 ҳазор 909 нафар меҳмонон, аз ҷумла 3 ҳазору 608 нафарашон аз хориҷи кишвар барои шиносоӣ пайдо намудан бо таъриху тамаддуни ин шаҳри бостонӣ ташриф оварданд.

Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 119 км. таъмирӣ ҷорӣ ва бо дастгирии соҳибкорон ва шаҳрвандон зиёда  аз  11 км. роҳҳо пурра мумфарш карда шуд.

Рӯзҳои қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки тариқи “Равзанаи ягона”  амалӣ гардид 420 нафар сокинон ва дар рӯзҳои қабули раиси шаҳр 1 ҳазору 328 нафар шаҳрвандон пазируфта шуданд. Ба дастгоҳи раиси шаҳр 6 ҳазору 830 адад муроҷиати хаттӣ ворид гардид, ки миқдори чунин муроҷиатҳо нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 939 ва нисбат ба соли 2015 ба миқдори  4 ҳазору 211 адад кам мебошад.

Ба саволҳои мухбирони радиои «Садои Душанбе» Бахтовар Аминзода, АМИТ «Ховар» - Ҳотам Рабиев, рӯзномаи «Садои мардум» Муҳаммад Зокир , «Бонувони Тоҷикистон» - Қутбияи Неъматулло ва намояндагони маҷаллаву руӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овозӣ», «Фараҷ»,  «Самак» ва дигар нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ  раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода посухи асоснок баён намуда, барои ҳамкории пайваста изҳори эҳтиром дошт. Баъдан ҳайатҳои эҷодии рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои радиою телевизионӣ бо Сипосномаи раиси шаҳр қадршиносӣ шуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru