ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4007
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4972
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта18988
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта35089
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23653
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта122057
mod_vvisit_counterҲамагӣ2003873

Шифокорон шифобахши ҳаётанд...

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Ҳифзи саломатии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббии шаҳр аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб ёфта, субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода аз вазъи корҳои ободонӣ ва табобатии Беморхонаи марказӣ дидан намуд.

Бо ташаббуси маъмурияти беморхона, махсусан сардухтури он Эмомалӣ Маҷидов шӯъбаю ташхисгоҳҳо ва атрофи беморхона куллан таъмир гардида, табибон азми он доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва сухану истеъдоди касбии худ давобахши дарди беморон бошанд.

Шаҳрдори Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо беморону пайвандони онҳо сӯҳбат намуда, аз фаъолияти кории табибон пурсон шуд ва табобатгирандагони беморхона қаноатмандии худро аз вазъи корҳои табобатӣ ва хизматрасонии табибони ин даргоҳ иброз доштанд.

Беморхонаи марказии шаҳр дар ҳолати хубӣ корӣ қарор дошта, дар он боғи нав, гармхона ва майдони варзишӣ фаъолият дорад. Баргузории мусобиқаи футбол бахшида ба иди касбии Рӯзи табибон дар байни шӯъбаҳои муассиса ишорат бар он дорад, ки табибон дар баробари шифокор будан ба парвариши боғу варзиш низ шуғл доранд.

Пас аз анҷоми боздид раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо маъмурияти беморхона сӯьбат намуда, бори дигар таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифа ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар масъулиятшинос бошанд ва собит намоянд, ки чун вориси арзандаи Пири табибони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ҳамеша бо дастони шифокори худ шифобахши аҳли диёранд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru