ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2790
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12251
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35637
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1131044

Ҷашни истиқлол муборак, эй Ватан

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҳусни ифтитоҳ бахшид ва баъдан муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз номи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат сокинони шаҳрро бо ин ҷашнӣ таърихӣ шодбош гуфта, ҳифз ва бузургдошти арзишҳои соҳибдавлатиро аз вазифаи муҳим арзёбӣ кард ва таъкид бар он дошт, ки истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳар шаҳрванди кишвар вазифадор аст, дар роҳи дарки ғояҳои худогоҳию худшиносии миллӣ ва шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошад.

Раиси шаҳр дар иктифоии суханронии худ бо қаноатмандии том зикри он дошт, ки барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони бонангу номуси шаҳри мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ намедоранд.

Баъдан барномаи фарҳангии аҳли ҳунари шаҳр манзури меҳмонон ва сокинони шаҳр гардид.

Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак бод!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru