ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1005
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3289
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта15061
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13109
mod_vvisit_counterҲамин моҳ40308
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1135715

ТАБРИКИ Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Соли нави 2019

http://www.zoofirma.ru/

Ҳамшаҳриёни азиз!

Соли 2018 дар таърих бо хотираву рӯйдодҳои неки ободиву рушди диёри азизамон ва чун соли эҳёи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ, барқароршавии риштаҳои дӯстӣ бо ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон ва оғози фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” нақши муаассир гузошт.

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, бо шарофати иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оғози даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 эълон гардид, барои сокинони шаҳр  воқеан соли таърихиву бобарор ва соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неки созандагӣ буд.

Ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, соҳибкорон ва фаъолияти содиқонаи аҳли ҷомеа ба рушду такомули шаҳри кӯҳанбунёду ҳамешаҷавонамон вусъати тоза бахшида, барои таъмини рушди иқтисодӣ, вусъати корҳои созандагӣ ва боз ҳам ободу зебо намудани диёрамон пойдевори устувор ва эътимодбахш гузошт.

Соли нави мелодии 2019, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози амали “Солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гашт, барои сокинони шаҳр оғози марҳилаи нави рушд ва амалишавии нақшаҳои навини давлатдориамон ва фаъолияти устувори куллӣ соҳаҳои иҷтитмоиёт ва иқтисодиёт равнақи тоза хоҳод бахшид.

Мо бояд дар соли 2019 омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ ва бо мақсади бунёду азнавсозии 613 иншооти ҷашнӣ дастҷамъона ва содиқона меҳнат намуда, нақшаҳои кориро дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба мардуми кишвар бармеояд, таъмин намоем.

Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду заҳматпешаи шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодии 2019 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод гуфта, ба ҳамагон  саодати рӯзгор, дастархони пур аз нозу неъмат ва дастовардҳои беназири меҳнатиро  таманно дорам.

Соли нави мелодӣ муборак!

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru