ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз199
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10739
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ50611
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015304

Забони ҳар миллат ифтихори ӯст

http://www.zoofirma.ru/

 

Забон дар ҳама давру замон нищонаи асосӣ ва ифтихори миллат буда, баёгари таъриху тамаддуну фарҳанги он аст. Забони тоҷикӣ низ, ки таърихи хеле қадима дорад, дар тӯли асрҳо ин вазифаро адо карда меояд ва он нишонаи асосӣ ва бақои миллат буд, ҳаст ва мемонад.

Номаи саркушодаи як гурӯҳи калони донишмандони эронӣ- аъзоёни «Порсӣ Анҷуман», ки дар шабакаҳои интернетӣ пахш гардидаанд, касро ба андешае меорад, ки ин донишмандон дар ҳақиқат дӯстони миллати тоҷиканд? Магар онҳо пойдориву шукуфоии Тоҷикистону миллати соҳибтамаддуни онро мехоҳанд? Магар ин «дилсӯзӣ»-ҳои эшон газанде ба забону тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик намерасонанд? Ин ва дигар саволҳо саволҳои сарбастаеанд дар номаи саркушода. Аммо мехоҳем ба ин ва чанд саволи дигар нуктаи назари хешро баён дошта бошем, то равшание дар он андозем.

Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ гурӯҳе (шаҷарае) аз забонҳои форсист, ки забоншиносон онро исбот намудаанд. Яъне забони форсиро ба забони форсии форсӣ(порсӣ), забон форсии дарӣ ва забони форсии тоҷикӣ ҷудо намудаанд, ки ҳар кадом дорои сарфу наҳв (грамматика) ва қоидаҳои имлои хоси худанд. Мо миллати сарбаланди тоҷик аз он мефахрем, ки соҳиби забони ширину гуворо ва ѓанию таърихием. Чи мардуми Эрону чи мардуми Афѓонистон ва чи тоҷикон, ки ҳамагон худро ҳамзабон медонем, лаҳҷаҳои талаффузи хешро дорем ва ин, албатта, хуб аст. Зеро мо аз рӯйи интонатсияи (талаффузи) баёни фикр аз ҳамдигар фарқ мекунем. Аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки агар мо ибораи «забони тоҷикӣ»-ро ба ибораи «забони порсӣ» иваз намоем, пас таъриху фарҳангу маданияти тоҷикон чӣ мешавад? Ҳаргиз миллати тоҷик инро намехоҳад ва намегузорад, ки газанде ба номи пурифтихори гузаштагону имрӯзиёнаш бирасад.

Дар хусуси аз байн бурдани хатти криллӣ, ки солҳои зиёд аст ба мардуми шарифи тоҷик хизмат намуда истодаасту тоҷикон ба он одат кардаанд, пешниҳод менамоянд, ки хатти ниёгон, яъне арабиасос ҷорӣ карда шавад. Бояд ёдрас шуд, ки хатти арабиасос, ки имрӯз дар Эрону Афѓонистон ҷорист, хати ниёгони эшон нест, балки хаттест, ки дар замони истилои арабҳо ҷорӣ гардидаву то имрӯз аз он истифода менамоянд. Дар тӯли таърих, бо мурури замон, хатҳо чанд бор иваз шудаву ҳар кадом хизмате дар таъриху фарҳангу маданияти ин ё он қавму миллат намудаанд. Қабули хатти криллӣ, ки алон мо- тоҷикон онро кор мефармоем, тақозои давру замон аст. Барои аз байн бурдани як ҳарф ва ҳатто як аломати китобат аз алифбои ин ё он миллат маълум аст, ки таѓйироти ҷиддие дар он забон ворид мегардад ва барои дурусту беѓалат навиштани калимоту ибораҳо солиёни зиёд лозим меояд, то мардум онро аз худ кунанд. Ин амал, бешак, ба паст гардидани сатҳи дониш ва забондонии онҳо мегардад. Аз ин хотир, мо истифодаи алифбои криллиро афзалтар мешуморем, то мардуми соҳибистиқлоли тоҷик аз пешрафту инкишофи бемайлони ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонад.

Пешниҳоди дигари аъзоёни «Порсӣ Анҷуман» он аст, ки мо забонамонро аз полудагиҳои забонҳои дигар, махсусан забони русӣ пок намоем. Албатта, ҳар як забон фонди луѓавии худро дорад ва асоси онро калимаҳои аслии ҳамон забон ташкил медиҳанд. Хушбахтона, забони тоҷикӣ низ аз зумраи забонҳоест, ки дар баробари таърихи қадима дорои фонди луѓавии хеле бой аст. Дар ҳамаи забонҳо мо калимаҳои ѓайрро дида метавонем, ки бо сабабе вориди ин ё он забон гардидаанд, ва ҳамчун калимаҳои иқтибосӣ хизмат менамоянд. Яъне мо ин ҷо гуфтанием, ки забон чизи шахшуда нест, он бо мурури замон пеш меравад, инкишоф меёбад, вале ба ҳама табақаҳои ҷамъият баробар хизмат мекунад. Магар дар забони имрӯзаи мардумони Эрону Афѓон калимаҳои ѓайр нестанд? Албатта, имрӯз дар Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот амал менамояд, ки дар ҳаллу фасли истилоҳоти ба тарҷума ниёздошта сарукор мегиранд. Аммо ақидаи тамоман аз байн бурдани калимаю мафҳумҳои аз забонҳои русӣ ё дигар забонҳо воридгардида ақидаест хом ва беасос, зеро ин тарзи муносибат зарбаест ба решаи забони тоҷикӣ.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru