ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз475
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1895
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4156
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27281
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1256596

Машварати судманд

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳр Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсату шӯъбаҳо, корхонаву ташкилот, соҳибкорон, директорони муасссисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳо, роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва намояндагони воситаҳои ахбор машварати корӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ҳозиринро бо рӯзномаи машварат шинос намуда зикри он дошт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаи муҳиме, ки дар назди мо гузоштанд, ин дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо имрӯз се масъаларо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳем.

1. Рафти иҷрои нақша-чорабинии ҷашнӣ оид бахшида ба таҷлили ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - маърӯзаи муовини якуми раиси шаҳр

2. Рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббие, ки биноҳояшон садавӣ аст, сухан ба муовини Раиси шаҳр

3. Масъалаҳои ҷорӣ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим пас аз баррасии масъалаҳои зикршуда таъкид бар он дошт, ки бо мақсади тақвият бахшидан  ба корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёди 613 иншоооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст ва барои беҳбудӣ корҳо муайян намудани қитъаи замин, ба расмиятдарории ҳуҷаттҳо, тарҳи бино, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ҷалби муассисону сармоягузорон  бояд иҷрои корҳо тариқи “Равзанаи ягона” дар маҳал  ба роҳ монда шавад:

Аз рӯи маълумотҳо муассисаҳои таълимии шаҳр бояд 40 ҳазор хонандаро ба таълим фаро гиранд ва имрӯз дар шаҳр зиёда аз 64 ҳазор хонанда таълим мегиранд. Иловатан бар ин дар  шаҳр 19 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ба нақшаи чорабинии  ҷашнӣ бунёди 69 синфхонаҳои иловагӣ ва 7 муассисаи таълимӣ ворид шудааст, ки аз он 3-тояш аз ҳисоби мактабҳои садамавӣ ва нисбати азнавсозии 16 муассисаи таълимӣ соҳибкорон бояд бетараф набошанд.

- сохтмони бинои муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро бо назардошти нуфузи хонандагон ва афзоиши аҳолӣ бояд ба роҳ монда, иҷрои ин амал бо ҷалби соҳибкорон, хатмкунандаҳои муассисаҳои мазкур ва падару модарон амалӣ карда шавад ва коргоҳҳои истеҳсоли хишту коркарди қуму шащал вазифадоранд, тибқи нақшаи тақсимот маҳсулоти истеҳсолии худро дар моҳи июн дастрас намоянд:

- ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ дар марказу бунгоҳҳои тиббӣ чораҳои амалӣ андешида, барои бо таҷҳизоти замонавӣ таҷҳизонидани онҳо чораҷӯӣ карда шавад:

-бунёди инфрасохтор дар маҳаллаҳои навбунёд (муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, симчуб, ноқил, роҳ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ) зери назорати доимӣ қарор дода шавад.;

-мусоидат дар ивазкунии симчубҳои фарсуда, таъмири роҳҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин;

-бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таъмиру тармим ва рангуборкунии биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо;

-бо мақсади таъмини ҳолати санитарӣ ва тозагии доимии маҳал ташкил намудани нуқтаҳои партовҷой дар деҳаҳо ва марказҳои аҳолиниш;

-мусоидат дар сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишию фарощатӣ дар назди биноҳои баландошёна;

-ба танзим овардани растаҳои бозори марказӣ, таъмини ҳолати санитарӣ ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар бозор;

-ҷалби соҳибкорон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, шахсони саховатманд, идораву ташкилот, созмону ҷамъият ва дигар ниҳодҳо барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина самаранок ба роҳ мондани корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ.

Раиси шаҳр барои баёни андешаву дастурҳои судманд изҳори эҳтиром намуда, эътимод бар он дошт, ки иқдоми шоиста ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷомеа ва сокинони шаҳри Ҳисор ҳамовозию ҷонибдории комилро касб намуда, он марҳила бар марҳила татбиқ хоҳад шуд.









 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru