ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ МУРОҶИАТ
ҲИСОР ДАР АКСҲО
ТАШРИФКУНАНДАГОН







![]() | Имрӯз | 1193 |
![]() | Рӯзи гузашта | 1842 |
![]() | Ҳамин ҳафта | 14266 |
![]() | Ҳафтаи гузашта | 9037 |
![]() | Ҳамин моҳ | 32720 |
![]() | Моҳи гузашта | 63052 |
![]() | Ҳамагӣ | 1059692 |
Ободии маҳалла-ободии Ватан
- Шанбе, 29 Июн 2019


- Пешина
- 1 of 2
- Минбаъда
Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо маром идома дошта, симои маҳаллаву деҳаҳо дигаргун ва сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад. Бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳҳои кории ба ҷамоату маҳаллаҳо вобаста шуда пеш аз баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз вазъи зиндагии аҳолии Ҷамоати шаҳраки Шарора дидан намуд.
Аз шиносоӣ бо рафти корҳо аён гардид, ки сокинони ҷамоат дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб пазироӣ намуда, бо иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ маҳали худро куллан дигаргун намуд. Дар мулоқот бо раиси шаҳр сокинон бештар ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳ ва иваз намудани симчубҳои маҳал дархост намуданд ва масъулин вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ дархости аҳолиро қонеъ гардонанд.
Дар ҳудуди ҷамоати бунёди 38 иншооти ҷашнӣ ва чор сифхонаи иловагӣ дар нақша аст, ки рафти корҳо дар ҳамаи иншоотҳо қонеъкунанда аст.