ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз150
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1920
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11761
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ34886
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1264201

Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати шаҳраки Шарора

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар ҷараёни баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мо имсол дигаргунӣ ворид кардем ва бо назардошти муҳимияти масъала ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси шаҳр аз 9 феврали соли 2018, таҳти №70  ва иловатан Амри Раиси шаҳр таҳти №70 рӯзи гузашта дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳҳои корие, ки дар ҷамоати шумо фаъолият доранд аз рафти корҳои сохтмони дар иншоотҳои ҷашнӣ, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ, нақлиёт, роҳ, барқ хоҷагии коммуналӣ, корҳои саҳроӣ ва дигар самтҳои фаъолият боздид намудем.

Дар қиёс бо чанд сол қабл то ҷое тавонистаанд сокинони шаҳрак дар пешбурди фаъолият ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Имрӯз ман дар ҳузури Шумо ба ҳамаи шахсони саховатманд ва соҳибкороне, ки дар рушди ҳаёти ҷомеа саҳмгузор ҳастанд изҳори эҳтиром намуда, даъват бар он дорам, ки ҳар сокини ҷамоат вазифадор аст бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷамъбасти озмуни шаҳрии “Беҳтарин маҳали аҳолинишин” саҳмгузор бошад - иброз дошт дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шарора раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода

Бояд тазаккур дод, ки имруз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳраки Шарора дар баробари дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор бо маром пеш меравад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор низ барои боз ҳам фароҳам овардани шароити мусоид ба зиндагӣ, таълими фарзандон, фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмини хизматрасонии коммуналӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, батартиб овардани роҳу кучаҳо  ва тозагии муҳит корҳои мушахасеро мувофиқи имкониятҳои мавҷуда ба сомон расонида дар оянда низ барои боз ҳам беҳтар намудани шароит чораандешӣ хоҳад намуд.

Бори чорум аст, ки дар ҷамоати шаҳраки Шарора Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр баргузор гардид ва баргузори Рӯзи қабули шаҳрвандон дар дигар ҷамоатҳо идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru