ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2768
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3243
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта23213
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта18301
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10151
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта106075
mod_vvisit_counterҲамагӣ1868314

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Ҳисор бо рӯзноманигорон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум ва густариши ҳамкорӣ  бо ВАО санаи 11 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 2019 баргузор гардид.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2019 маълумот пешниҳод намуд. Мавсуф аз ҷумла зикри он дошт;

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 178,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 2,9 миллион сомонӣ ва дар қиёс бо соли 2018 17,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ба буҷети маҳаллии шаҳр 128,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 407,4 ҳазор сомонӣ (100,3%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  ба маблағи 20,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 45,7 млн. сомонӣ муайян гардида, аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ  бо назардошти хароҷот 48,1 млн. сомонӣ  таъмин  гардид, ки 105,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 2,1 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба санаи 1 декабри  соли 2019 ба 7,7 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ду намуди андоз – андоз аз арзиши иловашуда (84,9) ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (85,1) иҷро нагардид ва аз ин ҳисоб ба буҷет 6,8 млн. кам маблағ ворид шуд. Ҷиҳати рафъи ин норасоии чораҳои махсус амалӣ гардида, дар ояндаи наздик бартараф карда хоҳад шуд.

Бо мақсади таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2018-2020” бо фарогирии 182 лоиҳа бо маблағи 502,9 млн. сомонӣ қабул гардида, давоми ду соли сипаригардида ҳаҷми корҳои ба анҷом расонидашуда 306,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба 60,9 фоизи талаботи барнома баробар аст.

Талаботи нафақа дар ин давр 70,3 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 21729 нафарро ташкил додааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давр ба 267,89 сомонӣ баробар шудааст.

Дар шаҳри Ҳисор 66 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 240,5  млн. сомонӣ расонида шуд,  ки ин нишондиҳанда дар ҷиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи  26,7 млн.  сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2019 ҳашт корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо  таъсиси 182 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд ва бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди чанд коргоҳу сехҳои истеҳсолӣ низ дар назар аст ва иҷрои ин амал барои ба минтақаи саноатӣ-аграрӣ табдил додани шаҳр заминаи устувор хоҳад гузошт.

Аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр  42 номгўи маҳсулот истеҳсол ва коркард гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 -  13 номгўй зиёд мебошад.

Ҳамчунин бо мақсади пиёдасозии ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат ва аз минтақаи агро-саноатӣ ва ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани шаҳр сохтмони корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳсулоти коғазӣ ҶДММ “Коғази Шарора”, коргоҳи коркарди шир дар назди ҶСК “Авитсенна”, коргоҳи истеҳсоли бомпўш дар назди ҶДММ “Истеҳсоли труба ва профили тоҷик”, коргоҳи истеҳсоли бомпўш аз ҷониби ҶДММ “Анас Одина”, корхонаи бастабандии ҷуворимакка аз ҷониби ҶДММ “Ситаб-агро”, корхонаи истеҳсоли хишти пухта ҶДММ “Санги Дарё”,  коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар назди ҶДММ “Муҷда ЛТД-2016”, корхонаи истеҳсоли нуриҳои органикӣ дар назди фермаи чорвопарварии ҶДММ “Абдурауф Юсупов” , корхонаи коркарди санг аз ҷониби “Авесто гуруҳ” ва 50 коргоҳҳои хурду миёнаи  дўзандагию мевахушккунӣ идома дошта, дар маҷмуъ аз ҳисоби корхонаҳои мазкур беш аз 450 ҷойҳои кории нав таъсис дода мешавад.

Дар соли 2019 ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухт ва чакана дар соли 2019 ба 1 млрд. 725 млн. 629 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки дар қиёс бо соли 2018  ба маблащи 417 млн. сомонӣ ё худ 31.8% зиёдтар аст.

Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ бошад ба 147891.2 ҳазор сомонӣ бо нархҳои муқоисавӣ  ба 111.6% расидааст.

Дар соли 2019 сармоягузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ маблағи 58283,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 55481,5 ҳазор  сомонӣ ё 105,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар  соли 2019 ба истгоҳи КВД “Роҳи оҳани шаҳри Ҳисор”   зиёда аз 4000 адад вагон ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 708 адад вагон зиёд мебошад. Тариқи вагонҳои мазкур асосан нуриҳои минералӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулотҳо ворид гардидааст.

Фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор  рў ба афзоиш дошта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ  дар соли 2019-ум  675,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, ба миқдори  43,5 млн. сомонӣ зиёд ва ё  106,9 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар муддати 3 соли иҷрои барнома тибқи дурнамои тасдиқгардида  бунёди 1801 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шуда, иҷрои он ба 1721 гектар баробар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати зиёд намудани содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ вобаста аз мавсими ҳосилғундорӣ,  мевагиҳо дар маҷмуъ 2084  тоннаро ташкил намудааст, ки аз ин содироти ангур ба миқдори 1127 тонна, зардолу 105 тонна, шафтолу 58 тонна, гелос 17 тонна, себ 51 тонна, олу 618 тонна ва 54 тоннаро лимон ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, дар маҷмуъ дар ҳаҷми 103 тонна зиёд мебошад.

Содироти сабзавот бошад, 1057,91 тонна, аз ҷумла  карам 314 тонна, пиёз 614,71 тонна, қаламфур 9 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 730,01 тонна зиёд мебошад.

Дар соли 2019 ба Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии  Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 40977 нафар меҳмонон, аз ҷумла 8824 нафарашон аз хориҷи кишвар барои шиносоӣ пайдо намудан бо таъриху тамаддуни Ҳисор ташриф оварданд.

Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 4  осоишгоҳ фаъолият менамояд, ки дар  соли 2019 зиёда аз 8099 нафар табобат гирифтаанд, ки  аз ин 635 нафарашонро хориҷиҳо ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмир ва азнавсозии 767 иншооти банақшагирифташуда 204 иншоот мавриди истифода қарор гириф.

Иншоотҳои ба истифода додашуда 1 мактаб барои 640 хонанда дар як баст, 55 синфхонаҳои иловагӣ, 1 хонаи баландошёна, 1 фабрикаи паррандапарварӣ, 2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳҳои тиббӣ, 4 дорухона, 11 чоҳҳои амудӣ, 5 чойхона, 3 толори варзишӣ, 10  майдончаҳои варзишӣ, 3  коргоҳҳои дўзандагӣ, 8 маркази савдо ва  хизматрасонӣ, 40  мағоза, 5 ошхона,  16 нонвойхона, 3 ҳамом, 9   сартарошхона, 4 сохтмони пул, 4 сардхона, 3 гармхона,  8 корхонаи саноатӣ ва чунон ки закр намудам дар маҷмӯъ 204 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Баъд аз он пурсиши рӯзноманигорон ба шаҳрдори Ҳисор оиди масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ, таъмири роҳу нақлиёт, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, фарогирии занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, таъмини аҳолӣ бо нӯшокӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, бунёди бощу токзор сурат гирифт ва раиси шаҳр ба саволҳои иброз шуда муфассал баёни ақида дошт.

Бряд тазаккур дод, ки нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо намояндагони воситаҳли ахбор шафоф, судманд ва манфиати кор сурат гирифт.

Барои рӯзноманигороне, ки даъвати моро пазируфта дар ин ҳамоиш ширкат варзида, бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда ва рушди фаъолияти минбаъда изҳори назар доштанд, эҳтирому самимият баён намуда, барояшон саодату эҷоди самарбахшро таманно дорем.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru