ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз242
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2972
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12342
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта28185
mod_vvisit_counterҲамин моҳ12342
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110349
mod_vvisit_counterҲамагӣ1764430

Он чи мардум умед дошт (Интихоботи шаффоф)

http://www.zoofirma.ru/

Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон чунин як интихоботро мушоҳида кардам.  Интихоботе, ки комилан дар фазои орому осуда ва бе ягон мушкилӣ, сару садоҳои зиёдатӣ ва иштироки шахсони шубҳанок ва моҷароҷӯ доир гардид. Рӯзи якшанбе, якуми март, рӯзи аввали баҳор мардуми кишвар фаъол буданд. Новобаста аз он, ки рӯзи истироҳатӣ буд ва ҳар нафар дар пайи корҳои шахсӣ худ буданд, аммо дар байни аҳолӣ сухан пеш аз ҳама дар бораи интихобот мерафт. Онҳо аз як дигар аз иштирок доштан ва ё надоштанашон, ба кӣ овоз доданашон мепурсиданд, ҳамчунин якдигарро бо Иди баҳор ва ояндаи нек табрику таҳсин мегуфтанд.

Дар ҳақиқат ин чорабинӣ ба ид ҳам монанд буд. Аз субҳи содиқ садои тарона дар ҳавзаҳои интихоботӣ садо медоданд ва сокикони гирду атроф ҳам бо рӯҳи болида, барои иштирок дар ин маъракаи тақдирсоз ба ҷониби нуқтаҳои интихоботӣ меомаданд, то ин ки ба номзадҳои арзандаи худ овоз дода, ба ояндаи худ саҳм гузоранд. Бояд қайд намуд, ки барои баргузории ин чорабинӣ тамоми шароитҳо муҳайё гардида буданд ва ҳамаи талаботи қонунҳои амалкунанда ва санаду меъёрҳои танзимкунандаи раванди интихобот риоя мегардиданд. Нозирони дохиливу хориҷӣ низ ба участакаҳои интихоботӣ рафту омад доштанд. Участкаҳои интихоботӣ серодам буданд. Албатта ин баёнгари он аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ рушд ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, ки худро мухолифини тоҷик ном мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехостанд ба раванди интихоботӣ таъсири манфӣ расонанд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни мардум овозаҳои бардурӯғ ва иғвоангезеро паҳн намуда мардумро бовар мекунониданд, ки дар Тоҷикистон интихобот як чорабинии нодаркор мебошад, ки он ғайри демократӣ ва ношаффоф баргузор мегардад. Ҳатто чунин сару садоҳоро онҳо то ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ расонидаанд. Чунин таблиғоти ноадолатонаи гурӯҳҳои мухталиф сабабҳои худро дорад. Барои мисол ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористии наҳзати исломӣ, то соли 2015 дар тамоми интихоботҳо иштирок ва номзадҳои худро пешниҳод мекард. Аммо онҳо дар ягон маъракаи интихоботӣ тарафдорони воқеии худро пайдо накарданд. Бинобар ҳамин онҳо ба ҷӯз иғвоангезӣ ва моҷароҷӯйи дигар коре карда наметавонистанд. То ҳанӯз ин амали муғризонаи онҳо идома дорад.

Яке аз сабабҳое, ки интихоботи рӯзи гузашта, яъне 1-уми март дар фазои орому осуда доир гардид дар он аст, ки он бе иштироки наҳзатиҳои ифротӣ доир гардид. Гурӯҳҳои моҷароҷӯӣ наҳзатӣ натавонистанд дар ин чорабинӣ иштирок ва ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд. Аз ҷониби дигар интихобот майдони васеъ барои барномаҳо ва амалисозии он барои ҳизбҳои сиёси кишвар буд. Дар ин интихобот ҳизбҳои сиёсӣ дар доираҳои қонунҳои амалкунандаи кишварамон иштироки фаъол доштанд.

Аммо набояд фаромӯш сохт, ки душман то ҳанӯз аз мақсадҳои худ даст накашидааст. Гурӯҳҳои бадхоҳ ва ифротии кишварамон тамоми воситаҳоро мавриди истифода қарор додаанд. Боиси таассуфаст, ки баъзе аз хабарнигорони рӯзнома ва сомонаҳои расмии кишвар, ки барои онҳо манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои миллӣ боло меистад, пойбанди чунин гурӯҳҳо гардидаанд. Онҳо бо нашри  гузоришу матолиби иғвоангезашон, пуштибонӣ аз душманони миллати тоҷикро мекунад. Бешубҳа онҳо дар ин шабу рӯз дар пайи онанд, ки чигуна матолиби туҳматомез дар бораи интихобот омода ва онро паҳн намоянд. Ин амалу кирдори онҳо бори аввал нест. Аммо тамоми кӯшишҳои онҳо бе натиҷа анҷом меёбанд. Зеро онҳо дар байни мардум тарафдорони аслии худро пайдо накардаанд.

Афзалов Ардашер, ассистенти кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru