ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз76
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2152
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9767
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20687
mod_vvisit_counterҲамин моҳ32892
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта70904
mod_vvisit_counterҲамагӣ1262207

ФАЙЗИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Санаи 16 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамроҳӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда ба фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Агротехсервис» бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа расман ифтитоҳ бахшиданд. Меҳмонони олиқадр баъдан бо идомаи сохтмони иншоотҳои истеҳсолӣ ва рафти иҷрои корҳо дар сехи банду баст ва васлу насб шинос шуда, иқдоми мазкурро судманд ва ба манфиати тарафҳо арзёбӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли трактор ва беш аз даҳ намуди техникаи соҳаи кишоварзӣ бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон айни ҳол беш аз 50 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин гардида, таҷҳизот ва техникаи истеҳсолии он дар қиёс бо техникаҳои дигар ширкатҳои истеҳсолӣ камарзиш ва дастрас аст.

Сокинони шаҳри Ҳисор, аз ҷумла кишоварзони шаҳр аз ин иқдому ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, ҷавобан азми он доранд, ки бо таъмини нақшаҳои истеҳсолӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru