Ёде аз абармадони миллат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Соли ҷорӣ ба зодрўзи арбоби намоёни давлатию ҷамъиятӣ, адиби барҷаста, шоир, нависандаи маҳбуби тоҷик устоди зиндаёд Ҳабибулло Назаров 110 сол пур шуд. Бахшида ба ин санаи муборак дар шаҳри Ҳисор бо иштироки шоиру нависандагони муътабари кишварамон конференсияи илмию адабӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа адибон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Ато Ҳамдам, Ворис, Ҳикмат Раҳмат, Султонмуроди Одина, Юсуфи Файзбахш ва аҳли зиёи шаҳр иштирок доштанд.
Пас аз маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи адиб - воқеъ дар хиёбони ба номи Ҳабибулло Назаров дар Кохи фарҳанг бо иштироки аҳли эъҷоду сухан маҳфили адабӣ баргузор гардид. Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, адибон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Ато Ҳамдам, Ворис, Ҳикмат Раҳмат, Султонмуроди Одина, Юсуфи Файзбахш ва дигарон аз саршори меҳру муҳаббат, ватандўстию ифтихори миллӣ, шуҷоату ҷасорати нотакрор, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва мардумпарварӣ будани осори пурановати адиб васфу ситоиш намуданд. Фарзанди адиб, Тимур Назаров хотироташро аз зиндагиномаи падар варақгардон намуда, бо меҳру ихлоси дар назди шогирдони пайвандони ин инсони бузур баён дошт.
Баъдан барномаи консерти манзури аҳли нишаст шу два меҳмонон аз манзили истиқоматии адиб дидан намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru