Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №67-и деҳаи Равшандилон аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта фаъолият дошта, дар ҳолати фарсуда қарор дошт ва соли 2006 дар деҳаи номбурда бинои нави муассиса барои 180 нафар дар як баст аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Бо назардошти эҳтиёҷ ба синфхонаҳои иловагӣ дар соли 2018 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайрявии «Эҳёи сомониён», соҳибкорон ва аҳолии деҳаи мазкур ба маблағи 439 ҳазор сомонҳ, 6 синфхона барои 180 нафар  дар як баст сохта шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ширкат варзида, бо хонандагону омӯзгорон мулоқоти судманд баргузор намуданд.

Раиси шаҳр барои анҷоми чунин иқдоми нек чанде аз соҳибкоронро бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ намуд.

Дар муассисаи макур, ки дорои 12 синфхонаи таълимӣ мебошад   468 нафар  хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru