Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ…

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳри Ҳисор, аз ҷумла истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ишора аз соҳибтаърихию тамаддуни куҳани диёр дошта, бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё, омӯзиш ва тарғиби ин сарчашмаи муҳими шинохти фарҳангу таърихи миллат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ҷамоат баргузор гардид. Ҳунарҳои дастии аз чӯбу оҳан, гилу хок ва матоъҳо офаридаи мардуми ин минтақа аз истеъдоди нодир ва куҳандиёрӣ шаҳодат дода, насли ҷавонро ба омӯзиш ва идомабахшии он раҳнамо месозад. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаву ҷамоатҳо идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru