ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2749
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1769
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12210
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13488
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35596
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта56757
mod_vvisit_counterҲамагӣ1131003

Тантанаҳои Наврўзӣ дар Ҳисори бостон

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

Дар Қалъаи бостонии Ҳисор ҷашни Наврўзи байналмилалӣ пуршукўҳ таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ кишоварзону ҳунармандони шаҳри Ҳисор намунаи нозу неъматҳо, маҳсули заҳмату ҳунари худро ба марази тамошо гузошта хотири сокинону меҳмонони шаҳри Ҳисорро болида намуданд. 
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 ҳазор нафар бо шумули меҳмонон аз тамоми шаҳру навоҳии атроф ва кишвари ба мо дўсти Ўзбекистон иштирок доштанд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода меҳмонон ва сокинонро бо Наврўзи ҷаҳонӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки боиси шукргузорӣ ва ифтихори бузурги ҳар нафар аз фарди миллат аст, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии соли нави аҷдодиамон - наврўз дар саросари мамлакатамон дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба таври хоса таҷлил мешавад. Наврўз агарчи борҳо ба монеъаҳои сиёсию иҷтимоӣ дучор гардида бошад ҳам бо мазмуни зиндагиофараш чун намунаи олии фарҳангу зебоипарастӣ побарҷо мондааст. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз мақоми байналмилалӣ пайдо кард ва дар тамоми кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад.
Санаткорон бо савти суруду таронаҳои баҳорӣ, ватандўстию хештаншиносӣ ба базми наврўзи ҳусни дигар зам намуданд.
Баргузории мусобиқаҳо дар намудҳои гуногуни варзиш идомабахши чорабинии наврўзӣ гардид. Мусобиқаи гўштини миллӣ бо иштироки паҳлавонон аз кишварҳои ҳамсоя барои ҳаводорони ин намуди варзиш ҷолибу хотирмон буд.
Тантанаҳои Наврўзӣ давоми ҳафта дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин деҳаю маҳаллаҳо ва муассисаю ташклотҳо идома меёбад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru