ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1280
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2706
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта14526
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ54398
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1019091

Сабздастон-сабздостони Ҳисор

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъатбахшии корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва ободию тозагии маҳал ба як самти муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор табдил ёфта, дар идомаи корҳои иҷрошуда имрӯз бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, идораву ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳли зиёю уламои шаҳр маъракаи шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз  оғоз гардид. Бояд тазаккур дод, ки давоми рӯз дар кӯчаҳои марказии шаҳр беш аз 600 бех арча ва дигар намуди ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд, ки ба ҳусни шаҳр ҳусни гуворое зам намуда, ин минтақаи шукуфону ҳамешабаҳорро боз зебою дилработар хоҳад кард. Дастсабзони Ҳисор барои гулафшонтар шудани шаҳр дар минтақаҳои гулпарварӣ ба қаламча кардану ба тартиб овардани гулҳо машғул буда, беш аз 200 ҳазор қаламча шинониданд, ки дар фасли баҳор бо сабзишу шукуфтан Ҳисорро чун манзили гулу ҳамешабаҳор муаррифӣ менамоянд ва дар гармхонаҳои ҳудуди шаҳр низ парвариши гул хуб ба роҳ монда шудааст. Иловатан бар ин бо қарори раиси шаҳр ба Корхонаи ободонию кабудизоркунии шаҳр як гектар замин ҷудо гардида, дар он парвариши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва намуди гуногуни гулҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷамъи ҳамдиёрон эҳтиромона хоҳиш дорем дар сабзишу парвариши дарахтон ва таъмини тозагии муҳит бештар саҳмгузор ва масъулиятшинос бошанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru