ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1819
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3432
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17387
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта23548
mod_vvisit_counterҲамин моҳ81649
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1516683

Санъаткорони чинӣ меҳмони ҳисориён

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Ба ифтихори гиромидошти 25 соли фаъолияти самарабахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд ва равобити хуби фарҳангию иҷтимоӣ  дар замони соҳибистиқлолии кишвар миёни ҷумҳуриҳои бо ҳам  дӯст -  Чин ва Тоҷикистон ансамбли миллии музофоти Гуандуни Чин иборат аз 42 нафар ромишгарону мутрибони чирадасти касбӣ дар доираи сафари ҳунарии хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон? ба як барномаи ҷолибу мукаммали консертӣ дар толори зебои Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор пешкаши ҷаводорону мухлисони ҳунари асил гардониданд.

роҳбарияти шаҳр меҳмононро хушомадед гуфта фарҳангу ҳунар, санъати асилу мусиқии рӯҳафзоро, ки аз дил бармехезанду ба дил менишинанд ва ниёз ба тарҷумон  надоранд, омили муҳими таҳкими равобити дӯстӣ, бародарӣ ва  муносибатҳои ҳасанаи гуногунсамти ҳамкориҳо миёни халқҳои Чину Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Ањли толор, мухлисону ҳаводорон баромади ҳар яке аз мутрибону ҳунармандони чиниро бо кафкӯбиҳои самимӣ ва эҳтироми хоса истиқбол намуда, маҳорату малакаи беназиру нотакрори саъаткорону ромишгаронро хуб пазироӣ намуданд.

Сипас, меҳмонони чинӣ бо роҳнамоии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз муассисаи давлатии ҷумҳуриявии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дидан намуда, бо гузаштаи пурғановати фарҳангу тамаддуни  сарзамини бузурги тоҷикон аз наздик ошно гардиданд.

 

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru