ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз27
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1495
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6634
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11487
mod_vvisit_counterҲамин моҳ53204
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта81825
mod_vvisit_counterҲамагӣ1726027

Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат

http://www.zoofirma.ru/
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар доираи сафари корӣ, бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан ба шароити зисту зиндагии аҳолӣ, бахусус, собиқадорони ҷангу меҳнат аз деҳоти дурдасти шаҳр дидан намуданд.

Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр дар деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба хонадони иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватарнӣ, собиқадори меҳнат Карим Рашиди  109 сола ташриф оварда, бо вазъи сиҳатӣ ва рўзгораш аз наздик шинос шуданд. Ў ва аҳли хонадонашро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карданд. Барои ниёзи рўзгораш бошад, орду биринҷ, пиёзу картошка ва дигар маводи хўрока дастрас карда шуд.

Ҳайати корӣ дар идомаи сафар аз деҳаи Ҳофизкадаи ҳамин ҷамоат дидан намуда, собиқадори хизмати давлатӣ Асадулло Алиевро, ки солҳои тулонӣ дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолият кардааст бо аҳли хонадону наберагонаш ба ҷашни Соли нав табрику таҳният гуфтанд. Инчунин, ба ифтихори ҳамин санаи идона дар деҳаи Тахти  Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кўҳӣ аз рўзгори Ҳофизи халқии Тоҷикистон Комилҷон Ғаниев, ки дар рушди фарҳангу ҳунари мардумӣ хизмати шоистаю мондагор кардааст дидан намуда, ба фарзандону наберагонаш туҳфаҳои идона ва барои густурдани дастурхони идонаи солинавӣ маҳсулоти хўрока тақдим намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст ин иқдомро дар арафаи ҷашни Соли нав ҷиҳати ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус, ятимону маъюбон ва пиронсолони барҷомонда низ роҳандозӣ намояд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru