ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1503
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4577
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта22938
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26340
mod_vvisit_counterҲамин моҳ85310
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта123957
mod_vvisit_counterҲамагӣ2189487

Сомонаи МИҲД шаҳри Ҳисор

Таджикистан должен обратиться в Международный суд ООН

Недоступен ни однин перевод.

Таджикистан должен обратиться в Международный суд ООН
15:07 29.11.2019

 

Республика Таджикистан должна
обратиться в Международный суд ООН

Подробнее...

Ҷашни Истиқлолият муборак!

Недоступен ни однин перевод.

Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар тантанаи ҷашнӣ бахшида ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид ширкат намуда, бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ сокинони шаҳрро самимона муборак бод намуд.
Истиқлолият сарчашмаи бақо, нуру зиё ва олитарин омили саодатбахши рӯзи фардои миллат буда, он ба мардуми тоҷик тавассути хиради оламгир ва талошхои ватанхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардида, моро барои ҳимоя, гиромидошт, шукуфоию бороварии ин неъмати беназир дучанд водор менамояд-зикр дошт дар сухани табрикотии худ ба сокинон раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода.
Барномаи фарҳангии аҳли санъати шаҳр, ки фарогири ғояҳои худшиносию ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар буд, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ хуб пазироӣ шуд.
Ҷовидон бод - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ.
Рӯзи шинохт ва эҳёи Ватан муборак, ҳамдиёрони азиз!

Баргузории намоишномаи «Қалби зан»

Недоступен ни однин перевод.

Музайян аст, ки бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар файзи домони модар, баракоти дуо ва дастони пурмеҳру оғӯши муқаддас аз биҳишти модаронро саҷдагоҳи худ дониста, ҳастии ӯро чун гавҳари чашм эҳтиёт ва эҳтиром менамоянд.  Баргузории намоишномаи «Қалби зан», ки дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор аз ҷониби ҳунарпешгони театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд манзури тамошбинон гардид, аз он шаҳодат дошт, ки шинохти оила, эҳтиром модар аз масъалаҳои муҳими рӯзгор буда, таҳияву пешниҳоди чунин асарҳои ахлоқиву маънавиро мардум хуб пазироӣ мекунанд.

Намоишномаи мазкур ба қалами Эркин Хушвақтов тааллуқ дошта, дар таҳияи Қурбон Бобоҷонов ба саҳна гузошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳунармандони театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ нақшҳоро хуб офарида, тавонистанд бо ҳунару истеъдоди худ завқи аҳолиро ба театр ва асрҳои театрӣ дучанд намоянд.

Қонун амалӣ мешавад

Недоступен ни однин перевод.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади фаҳмонидани мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  вохўрии гурўҳи корӣ дар ҳайати Завқизода Солеҳҷон – директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадшарифзода Саҷҷод -  мутахассиси маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Шералӣ Нур – раиси суди шаҳри Ҳисор бо раисони шаҳраку ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои талимӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони  масҷидҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 қабул шудани қонуни мазкур саривақтӣ буда, таҳлилҳо нишон дод, ки сол то сол ҳар як меъёри қонун ба зиндагии мо роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маъракаҳо ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот тасири нек расонид, - иброз дошт Завқизода Солеҳҷон зимни  суханрониаш.

Ҷашну маъракаҳо давоми 10 сол ба низоми муайян даромада дар натиҷаи сарфаю сариштакорӣ хароҷоти мардум дар муқоиса то давраи қабули Қонун ба ҳисоби миёна то се маротиба кам гардидааст. Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар ин муддат 57 ҳазору 450 адад маърака доир гардида, инчунин бо эҳёи анъанаҳои неки ниёгон тўйи хатнасури 1856 нафар кўдакон ва 206 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои камбизоат ба тариқи дастаҷамъона баргузор гардидааст. Амали Қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигоҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуд. Мутаасифона дар ин муддат аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдор қонуншиканиҳо низ ошкор гардиданд ва тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, муттаҳҳамон муҷозот шудаанд.

Қайд гардид, ки агар қонуни мазкур амал намекард дар шароити кунунии бўҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ баргузории маросиму маъракаҳои мардумӣ тасаввурнопазир буд. Аз ин лиҳоз, риоя ва эҳтироми Қонун қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб рафта, бояд мутобиқи талаботи замон рушду инкишоф ёбад.

Аз ҷониби гурўҳи корӣ хоҳишу пешниҳоди аҳли толор шунида шуда ба саволҳояшон посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи вохўрӣ тариқи варақаи махсус оиди сарчашмаҳои дастрасӣ ба муқаррароти Қонун, фаъолияти кормандони соҳа дар баргузории маъракаҳо, муносибат ба амалишавии талаботи Қонун назарпурсии иштирокчиёнӣ чорабинӣ гузаронида шуд.

ҶАДВАЛИ ҚАБУЛ

Недоступен ни однин перевод.

Ному насаб
Вазифа
Рузи кабул
Телефон

1

Ҷумазода Шарифҷон Раиси шаҳр чоршанбе, шанбе +992313925302

2

Исматуллозода Аҳмадҷон муовини якуми раиси шаҳр сешанбе, ҷумъа +992313926676

3

Азимӣ Ҳафтандил Исмоил муовини раиси шаҳр душанбе, панҷшанбе +992313926182

4

Абдуллозода Умеда Бегмурод муовини раиси шаҳр сешанбе, панҷшанбе +992313926674

5

Носирзода Ҷаббор муовини раиси шаҳр чоршанбе, ҷумъа +992313927922

6

Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр душанбе, ҷумъа, шанбе +992313925908

Страница 2 из 60

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru