Иҷлосияи навбатӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар толорои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар кори он вакилони халқ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсат, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома «Ҳисоботи раиси шаҳр оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода суханронӣ намуда, дар баробари таҳлили фаъолият дар соли ҷорӣ дар назди масъулон бо мақсади тавсия ва пешбурди ҳамаи самтҳои корӣ вазифаҳои мушахххас гузошт.

Баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи он бори дигар собит намуд, ки меҳнаткашони шаҳр соли меҳнатии 2017-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, азми он доранд, ки нишондодҳои соҳавии худро дар соли нав дучанд ва шаҳрро ба минтқаи соҳибрушду иқтисод ва пешрафту ҳамешабаҳор табдил диҳанд.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru