Ҷашни Сада

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

30 январи соли равон дар шаҳри Ҳисор ба истиқболи ҷашни Сада, ки дар радифи Наврўзу Меҳргон аз зумраи идҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб меравад, чорабинии васеъ баргузор гардид.

Сокинони шаҳр дастранҷи хешро аз қабили тасвирҳои ҷолиби манзараҳои зебои табиат, маҳсулоти зардўзӣ, ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд. Маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо меҳнату саъю талоши марди деҳқон истеҳсол мегардад, намоишгоҳро таровати тоза бахшид.

Ҷашни Сада мисли дигар идҳои мардумии мо ба худ як маҳбубияти хосаро касб намудааст. Ин дар чорабинӣ баръало эҳсос мешуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru