ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз176
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4834
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта36306
mod_vvisit_counterҲамин моҳ56709
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта53359
mod_vvisit_counterҲамагӣ427162

Паём - раҳнамоӣ ҷомеа

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади тарғиби нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, вохӯрии кормандон ва фаъолони шаҳр бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, изҳори он дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун барномаи корномаҳои навин ва пайкорҳои созандаи мардуми тоҷик пешниҳод намуданд, ки он муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадаф ва барномаҳои навини Тоҷикистон дар ҷодаи расидан ба рушди устувор ҳамчунин татбиқи меъёрҳои ҷаҳонии фаъолиятро дар ҳама ҷодаҳо фарогир аст.

Баъдан  директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина оид ба ҷабҳаҳои сиёсӣ, сиёсати хориҷиву дохилӣ ва таъмини амнияти кишвар, ки дар Паёми чун дастур ва раҳнамоӣ фаъолият зикр гардидааст, баёни андеша намуда, аҳли толорро даъват бар он дошт, ки дар амал татбиқгари сиёсати Пешвои миллат ва дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, наъшамандӣ ва гардиши ғайриқонунӣ маводи мухаддир дар мақоми худ мубориз ва таъмингари амнияти ҷомеа бошанд.

Баргузории чунин мулоқот шаҳодат аз дорад, ки сокинони шаҳри Ҳисор Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, минбаъд тарғиби онро дар ҳама қишрҳои ҷомеа амалӣ намуда, ҷавобан бо ин дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат омодаанд, бо афзун намудани натиҷаҳои меҳнатӣ шаҳри Ҳисорро ба сарзамини гулистону макони сайёҳон ва диёри соҳибрушду ҷомеаи пешрафт бештар табдил диҳанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru