Баргузории машқи омӯзишӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва амри Раиси шањр №107 аз 3 то 5 июли соли 2018 дар шаҳри Ҳисор санҷиши мукамалли ҳолати омодагии зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда машқи мукамаллӣ мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.

Бо ҳамин мақсад субҳи 3 июл бо садо додани «бонги хатар» роҳбарони шуъбаю бахшҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту хоҷагӣ ва муассисаҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор дар ҷои муайяншуда муташаккилона ҷамъ омаданд.

Раиси шаҳр-Раиси комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда иштирокчиёни чорабиниро бо бандҳои Амр шинос намуда онҳоро муваззаф намуд, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машқ, ки зери унвони «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор ҳангоми иҷрои корҳои бартарафкунии оқибатҳои омадани сел» баргузор мегардад, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода намоянд ва омодабошии доимии худро дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо масъулияти баланд нишон диҳанд. Баргузории чорабинии мазкур гувоҳӣ аз он дорад, ки ҳайати роҳбарии шаҳр масъулияту вазифаи худро дар ҳолати рух додани ҳолати фавкулода хуб дарк менамоянд ва барои худ аз иҷрои машқи мазкур сабақи дигаре низ аз худ намуданд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru