ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2193
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3119
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5312
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ45184
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1009877

Конференсияи хоинон ё ҷустуҷӯйи маблағгузорон

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Имрӯзҳо ташкилотҳои террористию ифротӣ тамоми ҷомеаи байналмилалро фаро гирифтааст. Инчунин шахсоне вуҷуд доранд, ки дар Тоҷикистон ба воя расидаанд, аммо ҳувияти миллиро бо нафси ҳаромашон иваз намуданд. Ба буду набуд  дар зиндагӣ қаноат накарда худашонро ба гирдоби тероризм гирифтор карданд. Барои нафсашонро қонеъ кардан ҳар гуна амалҳои мудҳишро нисбати халқу давлатӣ худ раво дида аз ҷониби роҳбарони хориҷиашон маблағҳои калон ба даст меоранд. Аммо он пулҳои ба дастовардаи онҳо тибқи унсурҳои исломӣ ҳаром ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин амалҳо, ТТЭ ҲНИ дар зери шиори паймони  зиддимиллӣ ва дигар ҳамдастонаш амалҳои мудҳиши терористиву ифротиро нисбати мардуми Тоҷикистон ба анҷом расониданианд. Ин бадкирдорон конференсияҳо, нишастҳо ва мусоҳибаҳо бар зидди халқу ватани худ ташкил карда мақсадҳои иғвоангезона ва нопокашонро барраси месозанд.

Конференсияҳое ки ТТЭ ҲНИ мегузаронад ин нишастҳо мкон дуруғпароканӣ буда, тоҷикро бо тоҷик ҷанг андохта ва баъд худашон вориди ин бозӣ мегарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар таблиғоти зиддиҳукуматӣ Даниил Кислов роҳбари сомонаи (фергана аженси) ки бо ТТЭ ҲНИ ҳамкорӣ дорад, даст дорад.

Мақсади асосии нишастҳои ифротиҳо ин бо роҳи осон ва фиреб ба даст овардани маблағ ба ҳисоб меравад. Маълум мешавад, ки роҳбарони пешинаи хориҷиашон аз онҳо ру гардонидааст, чунки  амалҳои анҷом додаашон ягон манфиате ба хоҷагони хориҷиашон намедиҳад. Аз ин сабаб ба ҷустуҷуи сарпарасти нав эҳтиёҷ доранд. Зеро, ки буҷети ТТЭ ҲНИ ру ба муфлисшавӣ оварда истодааст, бо вуҷуди ин дасисаҳояшон аз номи ислом баромад мекунанд. Дину мазҳабро ба тиҷорат табдил додаанд, ки худро роҳбари ҳизб машҳури дунё карда аз номи ислом баромад мекунанд, мусоҳибаҳо мегузаронанд, исломро ба тиҷорат табдил додаанд. Бо ин амалҳояшон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро фирефтаи худ сохтанианд. Бо кирдорҳои террористиашон машҳури олам гаштаанд. Кабирӣ сардори паймони зиддимиллӣ дигар чорае надорад, бо ҳар гуна сафсатаҳояш худро машгул крада ба мисли саги дайду меҷакад, ки ба ӯ касе аҳамият нахоҳад дод. Наздик омадааст, ки ӯ худаш ба забони ҳол омада ҳама корҳои зишти анҷом додаашро як ба як дар назди мардум баён кунад ва баъд беобрӯ ҳаст ва то абад хоҳад монд. Табиист, ки Кабирӣ ба мисли махлуқе, ки дар биёбон гурусна мемонад ва ба куҷо рафтанашро намедонад, сабаби ҳамоиши Вилнюс ин аст, ки уро аз биёбон касе наҷот диҳад. Чи тавре, ки дар урфият мегуянд:                                     «Себро кирми худаш мехурад».   Ба монанди ҳамин Кабирӣ ки дар гарави кирмҳои наҳзатӣ ғута задааст.

 

Фирдавс Каримов, омӯзгор

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru