Фаъолият беҳбудӣ мехоҳад

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ташкилоту идораҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаи боздиди гурӯҳи кории Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, дар ҳамроҳӣ бо ташкилотҳои соҳавӣ ва раисони кумитаҳои иттифоқҳои касаба дар шаҳри Ҳисор, ки санаҳои 21-22 майи соли ҷорӣ аз ҳолати шарикии иҷтимоӣ байни корфармоён ва иттифоқҳои касаба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон   Қодири Қосим дар суханронии худ мушкилоти соҳаро баён намуда, таъкид бар он дошт, ки ҳамкории ташкилоту идораҳо ҳамеша ба манфиати кор сурат хоҳад гирифт.

Раиси шаҳр дар ҷамъбаст иҷрои дастуру вазифаҳои баёнгардидаро ба манфиати кор дониста, тартиби таҳияи шартномаҳои коллективӣ дар ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, амали шартномаи коллективӣ ва нуктаҳои муҳими дар он зикршударо дар ҳамкорӣ бо корфармо ва намояндагони ӯ ва ҷалби бештари аъзоёни нави иттифоқҳои касабаро аз ҳисоби кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои хусусӣ ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ корбарӣ судманд баён дошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru