ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз575
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1888
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта575
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15528
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37938
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта63004
mod_vvisit_counterҲамагӣ1196349

Ваҳдат – бақои миллат

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санади тақдирсоз, рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум ва ризоияти миллӣ буда, маҳсули гуфтушунидҳои тулонӣ маҳсуб меёбад ва дар боғи ҳастии мардуми аҳли башар ниҳолеро пайванд кард, ки ба худ номи Ваҳдатро гирифта, ба дарахти азиме табдил ёфтааст, ки ҳар сол самари он зиёду шӯҳрати ҳастиаш бештар мегардад.

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода, сардорони идораву ташкилот ва фаъолони шаҳр чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо ҷашни саодатёри миллат Рӯзи Ваҳдати миллӣ сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳату рӯзгори обод, эҳсосу ғурури баланди ватандорӣ ва ифтихор аз пойдории Ваҳдати халқи азизамонро таманно намуд.

Маҳз чунин дастовардҳои дилпазири таърих сарчашмаю поягузори он гардид, ки имрӯз дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар самти таҳияи нақша, ҳуҷҷатгузории иншоотҳои ҷашнӣ, бунёд ва марҳила бар марҳила мавриди истифода қарор додани онҳо корҳои назаррас ба анҷом расид.

Сокинони шаҳр хуб огоҳанд, ки дар шаҳр бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 613 иншоот ба нақша гирифта шуда, 103 иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифт ва дар давоми ҳафтаи ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ боз 27 иншоот ба истифода дода хоҳад шуд. Ба ҳузури Шумо бори дигар мерасонам, ки мақсад аз дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муҳайё намудани шароити мусоид ва таъмини ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ дар ҳар деҳаву маҳаллӣ аҳолинишин маҳсуб меёбад. Дар роҳи иҷрои ин ҳидояти падарона мо бояд пеш аз ҳама ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, китобхона, чойхона, сартарошхона, таъмиру тармими роҳ, оби нушокӣ дар маҷмӯъ иншоотҳои соҳаи иҷтимоию хизматрасонӣ  бештар эътибор диҳем ва дар ин рӯзи барои халқу миллат хотирмон ман бори дигар ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ба ҳар нафаре, ки дар роҳи ободии шаҳри азизамон кореро ба сомон расонидаанд, изҳори сипосу эҳтиром дорам.

Таърихи ҳар халқу миллат бахусус миллати бостонии тоҷик монанди занҷираест, ки бо ҳам пайвастагии қавӣ дорад ва мо вазифадорем аз гузашти таърих сабақ омӯзем.

Ваҳдату ҳамдилӣ омили муҳими зиндагии осоишта ва пиёдасозии накӯтарин ормонҳои давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ваҳдат чароғи имрӯзу фардои миллат аст ва танҳо бо шарофати пойдорию устувории он мо метавонем зиндагиро саршори нури меҳру ихлос ва азму иродаи созанда нигоҳ дорем - зикр намуд дар суханрони худ раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода.

Баъдан барномаи консертию саҳначаҳои омодакардаи ҳунармандони шаҳр манзури аҳли нишаст гардид, ки бори дигар муқаддасии ваҳдат ва самари неки онро ба аҳли ҳузур манзур намуд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак ҳамдиёрони азиз.

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru