МУҚИМОВА НАРГИС НАСИМОВНА

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Мудири шуъбаи маориф

17 апрели соли 1971 дар вилояти Хатлони шаҳри Кулоб дар оилаи коргар таввалуд шудааст. Милат тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлбро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Аз 10 апрели соли 2017 дар вазифаи Мудири маорифи шаҳри Ҳисор мебошад. Оиладор соҳиби 4 фарзанд аст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1992-1998 Методисти боғчаи бачагонаи №3 ноҳияи Ҳамадонӣ

Солҳои 1998-1999 Иқтисодчии автокалонаи назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1999-2000 Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Бозаргон»-и Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005 Мутахассиси пешбари сохтори мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ

Солҳои 2005-2009 Муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои 2009-2010 Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2017 Директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Ҳисор

Аз 16 январи соли 2017 Муовини якуми директори маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикиситон

Аз 10 апрели соли 2017 то ҳол Мудири маорифи шаҳри Ҳисор

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru