Самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи об

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Тибқи талаботи  қонунгузории ҳифзи муҳити зист  ва Кодекси оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо оби нушокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаҳои обӣ тавассути воситаҳои ахбори умум  ва баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботии судманд ба сомон расонид.

Ба истиқболи ҷашни  20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ  тибқи Амри  Раиси  шаҳри Ҳисор аз 31 марти соли 2016, №35 «Дар бораи гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»  дар ҳудуди шаҳр ҳар ҳафта аксияи  «Тозагии соҳил» баргузор  мегардад.

Дар  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот бо дастгирии аҳолии ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти шаҳр ва хоҷагиҳои кишоварзӣ  ду маротиба   аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 644 нафар шаҳрвандон ба ҳашар баромада,   партовҳоро аз соҳили  дарёҳои Хонақоҳ, Кофарниҳон, Канали калони Ҳисор ва каналу ҷуйборҳои  дохили  маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тоза намуданд.

Солҳои охир дар минтақаҳои муҳофизати манбаҳои обӣ, аз ҷумла соҳили дарёҳои Хонақоҳ, Кофарниҳон ва Канали калони Ҳисор, заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обпартои марказии шаҳр  бо  мувофиқаву тасдиқи мақомотҳои ваколадори махсуси давлатӣ ҷой додани  корхонаҳои коркарди қуму шағал, сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки сифату низоми ҳифзи обро вайрон мекунанд сохтаву бунёд шудаанд. Бо мақсади таъмини фаврии талабот бо  маълумоти  зарурӣ  дар  бораи  обектҳои  об,  низом, сифат ва оқилонаю самаранок истифодабарии об, аз ҷумла бо истифодабарандагони  об, танзими муносибатҳо оид ба об, инчунин  пешгирии амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рўирост ва ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об, хусусан дар қитъаҳои ба фонди давлатӣ таалуқдоштаи заминҳои ишғолкардаи онҳо, минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи онро вайрон мекунанд, бо сохторҳои марбутаи ваколатдори шаҳр корҳои тарғиботӣ идома дорад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru