ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз858
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3174
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта858
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22184
mod_vvisit_counterҲамин моҳ87304
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта62662
mod_vvisit_counterҲамагӣ1522338

Қонун амалӣ мешавад

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади фаҳмонидани мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  вохўрии гурўҳи корӣ дар ҳайати Завқизода Солеҳҷон – директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадшарифзода Саҷҷод -  мутахассиси маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Шералӣ Нур – раиси суди шаҳри Ҳисор бо раисони шаҳраку ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои талимӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони  масҷидҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 қабул шудани қонуни мазкур саривақтӣ буда, таҳлилҳо нишон дод, ки сол то сол ҳар як меъёри қонун ба зиндагии мо роҳ ёфта, баҳри ба низом даровардани маъракаҳо ва озод шудани шаҳрвандон аз хурофот тасири нек расонид, - иброз дошт Завқизода Солеҳҷон зимни  суханрониаш.

Ҷашну маъракаҳо давоми 10 сол ба низоми муайян даромада дар натиҷаи сарфаю сариштакорӣ хароҷоти мардум дар муқоиса то давраи қабули Қонун ба ҳисоби миёна то се маротиба кам гардидааст. Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор дар ин муддат 57 ҳазору 450 адад маърака доир гардида, инчунин бо эҳёи анъанаҳои неки ниёгон тўйи хатнасури 1856 нафар кўдакон ва 206 ҷуфти ҷавон аз оилаҳои камбизоат ба тариқи дастаҷамъона баргузор гардидааст. Амали Қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигоҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуд. Мутаасифона дар ин муддат аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдор қонуншиканиҳо низ ошкор гардиданд ва тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, муттаҳҳамон муҷозот шудаанд.

Қайд гардид, ки агар қонуни мазкур амал намекард дар шароити кунунии бўҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ баргузории маросиму маъракаҳои мардумӣ тасаввурнопазир буд. Аз ин лиҳоз, риоя ва эҳтироми Қонун қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб рафта, бояд мутобиқи талаботи замон рушду инкишоф ёбад.

Аз ҷониби гурўҳи корӣ хоҳишу пешниҳоди аҳли толор шунида шуда ба саволҳояшон посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи вохўрӣ тариқи варақаи махсус оиди сарчашмаҳои дастрасӣ ба муқаррароти Қонун, фаъолияти кормандони соҳа дар баргузории маъракаҳо, муносибат ба амалишавии талаботи Қонун назарпурсии иштирокчиёнӣ чорабинӣ гузаронида шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru