Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 5
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

«Ҳар як роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони хоҷагиву маҳаллаҳо ва ҳар як хизматчии давлатиро вазифадор кардаем, ки бояд муносибати худро ба муроҷиати шаҳрвандон куллан тағйир дода, барои такмили роҳу усулҳои судманди қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои иловагӣ андешанд ва ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷӯҳ намонад. Имрӯз, ки қабули шаҳрвандон тарқи Равзанаи ягона баргузор гардид 34 шаҳрвандон муроҷиат карданд ва масъулони соҳаҳо вазифадор шуданд, ки ҳар як муроҷиатро дар муҳлати муқарраргардида таҳлил ва баррасӣ намуда, ба муроҷиаткунанда аз натиҷаи корҳои ба анҷорасида ахбори хаттӣ ирсол намоянд.» - иброз дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ Раиси шаҳри Ҳисор.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон тариқи «Равзанаи ягона» ва мулоқоти раиси шаҳр бо сокинони ҷамоат дар устувории пояҳои давлатдорӣ ва тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru