ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз752
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2430
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11292
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта16001
mod_vvisit_counterҲамин моҳ51164
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта66580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015857

Мулоқот бо соҳибкорон

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Ба истиқболи Рӯзи соҳибкорон ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои нави рушди соҳибкорӣ, аз байн бардоштани садду монеаҳо, таъмини самаранокии фаъолият, шукуфоӣ ва ба минтақаи пешрафтаи саноатию аграрӣ табдил додани шаҳри Ҳисор мулоқоти Раиси шаҳр бо соҳибкорон баргузор гардид.  
Дар мулоқот раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода қайд кард, ки алҳол дар шаҳри Ҳисор бештар аз ҳафт ҳазор нафар соҳибкорон фаъолият доранд ва зиёда аз 70 фоизи даромади буҷети шаҳр ба фаъолияти соҳибкорон вобаста мебошад. Танҳо дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби 6 нафар соҳибкорони андозсупорандаи калон 13 миллион сомонӣ маблағи андоз ба буҷет ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар 5 соли охир бо дастгирӣ ва созандагию бунёдкориҳои соҳибкорон симои шаҳри Ҳисор ба куллӣ тағйир ёфта, 43 иншоот ба маблағи 179,4 миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр ҳамчунин дар бораи рушди соҳа ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хусусан барои бонувон дар назди соҳибкорон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Соҳибкорон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимиашон нисбати соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар мулоқот ба як қатор соҳибкорони муваффақ Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор супорида шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru