Доманат пурфайз бод ай тирамоҳ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ гувоҳӣ аз он дорад, ки дар шароити мусоиди маҳал кишоварзони шаҳри Ҳисор метавонанд, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Фаровонии ҳосили сабазавот далели андешаи мазкур буда, хоҷагидорон имрӯзҳо онро беталаф ва бо сифат ҷамъоварӣ намуда, барои беҳбудии вазъи зиндагии худ ва фаровонии неъматҳои фасли тирамоҳ дар бозорҳои кишвар азму амал доранд. 
Дар Ҷамоати деҳоти Дурбат раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ҳангоми боздиди худ аз вазъи корҳои саҳроӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва сабзавоти аз кишти такрорӣ ҳосилгардида, шинос шуд. Мавсуф ҳамчунин аз қитъаи замини барои кишти пунбадона омодашуда ва сифати кишти тирамоҳӣ дидан намуда, ба масъулон барои заминагузорӣ ба ҳосили соли оянда, омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза кардани заҳбуру ҷуйборҳо маслиҳати муфид баён дошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru