Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 5
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бахшида ба 23-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ширкат ва суханронӣ намуда, сокинони шарафманди шаҳрро бо ин ҷашни саид табрику таҳният гуфт. Мавсуф дар идомаи суханронии худ зикри он дошт: «…Дастовардҳое, ки давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва орияти ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз-шаҳодатномаи бақо ва ҳастии давлат, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буда, баёнгари бунёди давлати ҳуқуқии соҳибистиқлоли тоҷикон, ормонҳои давлатдорӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. 
Дар асоси он сокинони Тоҷикистон сарнавишти худро муайян намуда, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузоштанд ва он имрўз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқи нақши хосаеро доро мебошад.»
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои меҳнатии сокинони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуд ва хатнатӯӣ 10 нафар фарзандони ҷамоати мазкур низ баргузор гардид.
Баъдан барномаи фарҳангии таҳиякардаи аҳли санъат ва сокинони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳӣ Кӯҳӣ манзури аҳли нишаст гардид, ки фарогири шеъру суруд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихор аз соҳибистиқлоли Ватан ва худшиносию худогоҳии миллӣ буд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru