Комёбиҳо ва натиҷаҳои меҳнатӣ назаррас

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Ҳисор маҷлиси сайёри Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Дар кори маҷлис раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, Қосим Роҳбар – Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Бег Хол – муовини Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокирзода Шодмон Шариф – муовини якуми Агентии Омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Саидҷамол – ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва намояндагони вазорат, кумитаву идораҳои марказӣ иштирок доштанд. 
Маҷлисро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ифтитоҳ бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақмоти маҳаллӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маълумоти мухтасар иброз дошт. Баъдан раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар суханронӣ намуда, роҳҳои пешбурди фаъолият ва пешниьодҳои судмандро ҷиҳати тақвияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр баён дошт.
Маҷлисро раиси шаҳри Шарифҷон Ҷумазода ҷамъбаст намуда, зикри он дошт: “Аз масъалаҳои мавриди таҳлил қарор гирифта бармеояд, ки барои таъмини бомароми рушди иқтисодию иҷтимоӣ шаҳр имкониятҳои зарурӣ мавҷуд буда, дар сурати истифодаи бештар ва судманд мо метавонем натиҷаҳои меҳнатии худро беҳтар таъмин намоем.
Дар фаъолияти минбаъдаи худ доир ба таъмини сифатнок ва самараноки нақшаҳои буҷет, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, ҷалби тамоми манбаю захираҳои молиявӣ ба даромади буҷет, кам кардани бақияи қарзи андоз ва пешгири намудани пайдошавии бақияпулиҳои нав чораҳои иловагӣ андешида, барои ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир чораҷӯӣ намоем.
Барои бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ҷиҳати ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасонии коммуналӣ, таъмири роҳ, омодагии корхонаву муассисаҳо ба фасли тирамоҳу зимистон, тарғиби муҳтаво ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ба зинаи сеюми таьсил фаро гирифтани хонандагон, хусусан духтарон, аз байн бурдани сарулибоси бегона, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва дигар масоили зикршуда, фаъолиятро ҷоннок намуда, ҷиҳати ислоҳи эроду тавсияҳои баён гардида нақша-чорабинии махсус таҳия намуда, дар фаъолияти минбаъдаи худ иҷрои қарору қонунҳои Ҳукумати мамлакат, нақша - чорабиниҳои сафарҳои кории Пешвои миллат, махсусан Паёми навбатии Президенти мамлакатро ба маҷлиси Олии кишвар аз самтҳои муҳими амаҳ қарор дода, соли ҷашнвораҳои бузурги таърихиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст намоем.”
Мавсуф ҳамчунин ба ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташриф ва баргузории чунин маҷлиси судманд изҳори эҳтиром намуда, садоқату эътиқоди сокинони шаҳрро ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат зикр намуда, эътимод бар он дошт ки аҳли ҷомеа минбаъд низ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дучанд саҳм хоҳанд гузошт.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru