Амнияти озукавориро таъмин мекунем

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, кормандони Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар даҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси шаҳр ифтитоҳ бахшид ва муовини соҳавии раиси шаҳр Назарзода А. аз натиҷаҳои фаъолияти кишоварзон дар соли равон маълумоти муфассал иброз дошт.

Муоивини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир барои дастовардҳои назаррас ва таъмини рушди бомароми соҳа ба кишоварзони шаҳр изҳори сипос намуда, барои самаранокии фаъолияти минбаъда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раиси шаҳр ҷаласаро ҷамъбаст намуда, бар он ақида буд, ки бо ҳидояту шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон ҳамқадам бо дигар самтҳои давлатдорӣ соҳаи кишоварзӣ низ рӯй ба рушду вусъати назаррас оварда, кишоварзони мамлакат натиҷаҳои некро соҳиб гаштаанд. Соҳаи кишоварзи барои сокинони шаҳр яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, зиёда аз 70%-и даромади аҳолии шаҳр ба соҳаи мазкур вобаста аст. Пешбурди соҳаи мазкур аз самтҳои асосии фаъолият буда, кишоварзони шаҳр азми он доранд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзиро дучанд афзоиш дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештар гузоранд.

 

 

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru