ДИҚҚАТ ОЗМУН!

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:
1. Бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ: - мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);
2. Бахши рушди сайёҳӣ: - сармутахассис (1 воҳиди корӣ); -мутахассиси пешбар (1 воҳиди корӣ);
3. Ҷамоати шаҳраки Ҳисор: - мутахассис (1 воҳиди корӣ);
4. Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ: - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);
5. Ҷамоати деҳоти Алмосӣ: - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассис (оид ба кор бо занон ва ҷавонон, 1 воҳиди корӣ);
6. Ҷамоати деҳоти Сомон: - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);
7. Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо: - сармутахассис (муҳандис-заминсоз, 1 воҳиди корӣ); - сармутахассис (оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 1 воҳиди корӣ); - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);
8. Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод: - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ); - мутахассис (1 воҳиди корӣ)
9. Ҷамоати деҳоти Навобод: - нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ (1 воҳиди корӣ);
Маоши мансабӣ барои:  
- сармутахассис – 853 сомонӣ (категорияи панҷум)
- мутахассиси пешбар – 697 сомонӣ (категорияи шашум)
- мутахассис – 572 сомонӣ (категорияи ҳафтум)
Озмун 26 декабри соли 2017 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад:
Талаботҳои тахассусӣ 
барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
2. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
3. Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун заруранд:
1. Варақаи шахсӣ
2. Тарҷумаи ҳол
3. Нусхаи шиноснома
4. Нусхаи диплом
5. Маълумотнома тиббӣ (Ф-86)
6. Расм 3х4, 4 дона
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
8. Нусхаи рақамаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
9. Нусхаи билети ҳарбӣ
10. Маълумотномаи надоштани доғи судӣ
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед: (8-31-39) 25-3-61, 26-3-00,

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru