Мароми халқ- мароми мо.

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

(Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017)

Тибқи нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 баргузор гардид.

Маҷлиси ҷамъбастиро раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ифтититоҳ бахшид ва баъдан муовини якуми Раиси шаҳр, ва муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолияти сохторҳои соҳавӣ дар соли 2017 ҳисобот доданд.

Дар кори маҷлис Бобозода Умед - мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулаҳои ҳуқуқӣ иштирок ва суханронц намуд.

Раиси шаҳр пас аз таҳлилу баррасии масъала дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла зикри он дошт:

Сиёсати оқилона, тадбирҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашуда ба аҳли ҷомеа рӯҳбаландии тоза бахшида, сокинони шаҳрро водор намуд, ки бо масъулияти том ва софдилона меҳнат намоянд.

Дар Соли ҷавонон, ки воқеан дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият идроку қудрат, истеъдоду малака ва ҷаҳду талоши ҷавонӣ ҳукмрон буд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ва иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, арзи вуҷуд намудани даҳҳо хоҷагии деҳқонии нав, афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ аз фаъолияти устувори тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дарак медиҳад. Раиси шаҳр таъкид бар он дошт, ки дар соли 2017 зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда ва истифодабарии иқтидорҳои бозистода, васеъ намудани манбаҳои андозбандӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва саривақт пардохтани нафақа, таъмири саривақтии техникаи кишоварзӣ, захираи тухмиҳои зироати кишоварзӣ, бунёди боғу токзори нав ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои босифат, бахусус шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар қади роҳҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва дигар иншоотҳои обтаъминкунӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пешгирии падидаҳои номатлуб байни онҳо, тарбияи насли солиму созанда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ва шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо,  баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эьтиром нисбат ба қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, бархӯрдор намудани аҳолии бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд маҳаки асосии фаъолиятро фарогир бошад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru