«Аксияи тозагии маҳал»

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба «Соли-рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои ободонӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ дар асоси нақшаи таҳрезигардидаи Раиси шаҳр ба роҳ монда шудааст.

Тибқи нақша, имрўз дар шаҳр миёни аҳоли «Аксияи тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони касбу кори гуногун, кормандони ташкилоту идораҳо ба ҳашар баромада, шаффати роҳҳо, кучаю гулгаштҳо, каналу занбурҳо ва дигар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди шаҳрро аз ҳама гунна партов тоза намуданд. Сокинон бо мақсади тоза кардани ҷўю каналҳо аз сангу лой ва партовҳои сахти маишӣ аз техникаҳои соҳавӣ истифода намуданд. Аксияи тозагии соҳил бо мақсади тоза кардани соҳили каналу рудхонаҳо ва беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ ташкил карда шудааст.

Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама нигоҳ доштани муҳити атроф саргаҳи дарёву каналҳо ва ба ин васила ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони шаҳр ба беҳдошти муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ ба ҳисоб меравад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru