Ҳадаф таъмини рушди саноат

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тожикистон муҳтарам Бобозода Шавкат, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, муовини раиси Кумитаи андоз назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим, муовини директори Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Малоҳат,  муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора, - директори муассисаи Давлатии фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Фирдавс, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтор Амирзода, сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегия ва ислоҳот Раҳимзода Баҳодур ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рудакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Ваҳдат, Сангвор ва Варзоб  ҷаласаи корӣ бо мақсади  баррасии натиҷаҳои омӯзиши гурӯҳи кории Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда бургузор гардид.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Шавкат вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар аз ҷумла сабабу омилҳои таъсиррасонро ба корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таҳлилд намуда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рафъи ин камбудӣ бештар масъулиятшинос бошанд.

Дар ин замина истеҳсоли либосҳои мактабӣ, рушди ҳанарҳои мардумӣ ва маҳсулоти рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ аз масъалаҳое буд, ки дар ҳузури масъулон мавриди таҳлил қарор гирифта, иҷрои ин амал омили муҳим дар таъмини рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ арзёбӣ гардид.

Раиси шаҳри Ҳисор барои чунин иқдом изҳори эьтиром намуда, аз ҷумла зири он дошт, ки дар соли 2017 саноатчиёни шаҳр ба миқдори 169 млн ва дар чор моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 61 млн, сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки он дар қиёс бо чор моҳи соли гузашта 18,4 млн. сомонӣ зиёд аст ин нишондиҳандаҳо моро қонеъ нестанд ва рушди соҳаи саноат як самти муҳими фаъолияти кориро дар бар мегирад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru