Тоҷикистон яктост!

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 6
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Бахшида 25-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин санаи фархунда баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода афсарону сарбозон, собиқадорон ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баёни он дошт:

Таърихи навини давлатдонриамон собит менамояд, Артиши ҷавон ва дар як вақт бо қудрату ҷасоратманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвор ва фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии мамлакат дар ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии Ватан, безарар гардонидани даставу гурӯҳҳои бадхоҳ, хомуш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлати озоду демократӣ ва ҳифзи муҳимтарин арзишҳои давлатдорӣ содиқона хизмат намуда, пайваста рушду такомул меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар суханронии худ борҳо таъкид намудаанд, ки амният, зиндагии осоиштаи мурдумро танҳо Артиши миллӣ чун кафили боэътимод ва сипари қудратманд метавонад, таъмин намояд.

Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор чун номбардори арзандаи падарону бобоёни бонангу ори худ, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо намудаанд, садоқатмандона адои хизмат намуда, кишиш менамоянд дар осмони софи Ватани маҳбубамон ҳеҷ гоҳ абри тирае пайдо нашавад ва қувваю гурӯҳи бадхоҳе оромии ҷомеаро халалдор нанамояд.

Имрӯз мо ба толор ҷавонони аз хизмати Модар – Ватан баргашта ва падару модаронеро, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд, даъват намудаем. Ман аз номи шумо ҳозирини гиромӣ ва сокинони шаҳр ба падару модароне, ки чунин фарзандони далеру ватандӯстро ба камол расонидаанд, изҳори сипосу эҳтиром менамоям.

Раиси шаҳр ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо, аъзоёни оилаҳои онҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамватанони азизро бамуносибати 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сарбаландию хонаободӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хушбахтӣ ва дар ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат, иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳоро таманно кард.

Чанд нафар аз афсарону сарбозон ва пешсафони истеҳсолот, ки дар маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ саҳми мунир гузоштанд бо медалу Ифтихорнома ва Сипоснома қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии аз ҷониби ҳунармандон манзури ҳозирин гашт, ки фарогири намоишномаву шеър ва суруду  оҳангҳои ватандӯстона, ифтихор аз Истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сиёсати адолатпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҷовидон бод Артиши ҷавон ва қудратманди тоҷик.

Фархунда бод ҷашни ҳомиёни Ватан.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru