Табрикномаи Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

http://www.zoofirma.ru/
Недоступен ни однин перевод.

Муҳтарам аҳли қалам

Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ҳисор ва аз номи худ табрику таҳният намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои эҷодӣ таманно дорам.

Мусаллам аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург мебошад. Воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матубот ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа, табадуллоти идеология ва ташакули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва садою симо ҳамчун воситаи таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилоти он фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор ба инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҳамарӯза ниёз дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаю машваратҳо оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, вазифаи онҳоро вобаста ба талаботи айём таъкид мекунанд. Пешвои миллат зикр намудаанд: «Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имкон медиҳад, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк намоянд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои милли хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд»

Итминони комил дорам, ки аҳли қалами шаҳр минбаъд низ дар иҷрои ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, дар роҳи тарғибу ташвиқи амалҳои нек саҳми босазо гузошта, рисолати касбии хешро сарбаландона адо менамоянд.

Бори дигар Шумо рӯзноманигорон ва аҳли кормандони воситаҳои ахборро бо иди касбӣ табрику таҳният намуда, дар рӯзгоратон бахту иқбол ва дар корҳои эҷодӣ комёбиҳои таманно менамоям.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru