Об сарчашмаи ҳаёт

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 3
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Баргузории конференсияи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иштироки олимон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, аҳли зиё ва ҷавонони шаҳр шаҳодат аз дорад, ки барои мо боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028»-ро эълон намуд, ки он аз нуфўзу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Дар суханронии худ маърӯзачиён, зикри он доштанд, ки бо пешниҳоду дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои асри 21 сар карда то ҳол Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва пас аз «Даҳсолаи оби тоза» такроран пизируфтани таклифи Пешвои миллат ҷиҳати эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” нишони муҳимии масъала дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар маърӯзаи худ зикр намуд, ки; «Ҷиҳати татбиқи амалӣ ва таҳкиму рушди ин ташаббусҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла соли 2003 Форуми байналмиллалии оби тоза, соли 2005 Конфронси байналмиллалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, соли 2008 Конфронси оид ба коҳиши офатҳои табиӣ марбут ба об ва соли 2010 Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои ҳаёт» доир гардиданд, ки дар кори онҳо роҳбарият ва ҳайати ваколатдор аз Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони даҳҳо созмонҳои байналмиллаливу ташкилотҳои щайридавлатӣ ширкат варзиданд.

Дар идомаи ин иқдому чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ санаи 21 декабри соли 2016 дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз як рўйдоди нодир ба вуқўъ пайваст, ки он ҳам дар навбати аввал ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷовидонӣ дорад...»

Иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои оқилонаю одилона истифода намудани захираҳои об, таъмини рушди устувори воқеӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сайёра равона гардида,  аҳли башарро ба шинохт ва муқаддас доштани ин неъмати беназир ҳидоят менамояд.

Барои шинохт ва муаррифи сарчашмаи ҳастии зиндагӣ – об  минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасими гирифтааст дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаву идораҳои шаҳр чорабиниҳои илмию амалиро ба роҳ монда, дар муаррифии Тоҷикистон чун сарзамини оби мусаффо саҳмгузор бошад.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru