Ҳаммаром бо халқ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 10
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳамаи зинаҳо дар маҳалли зисти аҳолӣ, такмили роҳу усулҳои қабули шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти рӯзгори мардум, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иртиботи мутақобилан судманди мақомот бо ҷомеа маҳсуб ёфта, дар ҷамоати деҳоти Сомон дар баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон ба раиси шаҳри Ҳисор 52 нафар муроҷиат карданд.

Раиси шаҳр таъкид бар он дошт, ки ҳар як пешниҳоде, ки аз ҷониби шаҳрвандон манзур мегардад, агар заррае ҳам дар беҳдошти иҷтимоиёти мардум, ободию пешравии кӯчаву маҳалла мусоидат намояд аз ҷониби мо пазируфта мешавад ва рафти амалишивии он таҳти назорат қарор мегирад.

Иштироки фаъолонаи сокинон дар рӯзҳои қабули Раиси шаҳр шаҳодат аз он аст, ки эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ   боз ҳам қавитар шуда, сиёсати имрӯзаи раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷонибаро касб намудааст.

Дар нимаи дуюми рӯз мулоқоти Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо сокинони ҷамоат дар ҳамроҳӣ бо аъзоёни “Равзанаи ягона” баргузор гардид ва натиҷаи иҷрои муроҷиати шаҳрвандон, ки дар ҷамоат санаи 3 августи соли 2017 баргузор гардида буд, мавриди пурсиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Таъмини пурраи Барномаи сохтмон, барқарорсозию таъмири муассисаҳои маориф бо истифода аз манбаъҳои гуногун вазъи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхис, табобат ва хизматрасонии тиббӣ дар ҳудуди ҷамоат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пешгирии падидаҳои номатлуб байни онҳо, тарбияи насли солиму созанда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ва шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, таъмини рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва истифодаи самараноки обу замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби баландбардории ҳосилнокӣ, махсусан дар соҳаи пахтакорӣ, зироат ва меваю ангур бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифатнокии хизматрасонӣ, риояи ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон дар ин моҳи рамазон аз масъалаҳое маҳсуб меёбанд, ки дар мулоқот мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, масъулон вазифадор гардиданд ҷиҳати иҷрои он чораву тадбирҳои амалӣ андешанд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru