Имконият надоштан - натавонистан нест

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 2
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Дар доираи ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дар сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд.
Бо дастгирии сафорати Ҷопон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва 5-и шаҳри Ҳисор ду маркази таълимӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд таъмиру азнавсозӣ шуда бо ҷиҳозҳои лозима таъмин гардид. Дар кишвар даҳҳо мактаб-интернатҳои махсус фаъолият доранд ва аз ҷониби давлат пайваста ғамхорӣ карда мешаванд. Вале, лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби сафорати Ҷопон роҳандозӣ мешаваду дар кишварҳои мутараққӣ таҷриба шудааст аз бисёр ҷиҳат афзалиятнок аст. Тибқи ин лоиҳа минбаъд нафароне, ки дасту пой ё дигар узвҳоияшон нуқси модарзодӣ доранд ҳамроҳ бо ҳамсолони солимашон дар як муассиса таълим мегиранд. Барои гашту гузор дар саҳни мактаб, долону синфхонаҳои ин ду муассиса воситаҳои ёрирасон насб гардида вобаста ба норасоии ҷисмонӣ бо аробача, мизу курсиҳои махсус таъмин шудаанд.
Бисёр шудааст, ки фарзандони имконияташон маҳдудро ба мактабҳои махсус медиҳем ва ба болои норасоии ҷисмонӣ онҳоро аз меҳру муҳаббати волидайн муддатҳо, баъзан абадӣ маҳрум менамоем, ки ин боиси азоби рўҳию равонӣ, ноумедӣ ва дигар маҳрумиятҳо мегардад.
Акнун волидайн онҳоро ба муассиса меоранду мебаранд. Баробари соҳибмаълумоту соҳибкасб шудани фарзандашон ҳар бегоҳ сари дастурхон нишаста ба фарзанди маъюбу дилшикастаи худ меҳру муҳаббати худро ифшо месозанд, дилбардорӣ мекунанду мефаҳмонанд, ки ўро дўст медоранд ва ў барояшон азиз аст. Ба ин васила вазифаи худро ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба ҷо меоранд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ пас аз миннатдорӣ ба сафири Ҷопон иброз дошт, ки модарони азиз набояд, ноумед шаванд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон Ҳаҷиме Китаока аз ҳамкориҳои ду кишвари дўст изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд кард, ки дар хонадони ў низ чунин як кўдаки имконияти маҳдуддошта ба воя расидааст ва аз ин набояд ноумед шуд. Муовини раиси шаҳр Умеда Абдуллозода меҳмононро хайру мақдам гуфта, ба сафорати Ҷопон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхорию таваҷҷуҳашон ба фарзандони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru