ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

ҲИСОР ДАР АКСҲО

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3409
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1399
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3409
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11004
mod_vvisit_counterҲамин моҳ28688
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта73957
mod_vvisit_counterҲамагӣ1067338

Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ

http://www.zoofirma.ru/
  • Предыдущая
  • 1 of 4
  • Следующая
Недоступен ни однин перевод.

Санаи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Дар доираи эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирии сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои бонувон “Маркази ҳунар” ифтитоҳ гардид, ки дар он занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дўзандагӣ, попурдўзӣ, гулдўзӣ, наққошӣ, чакандўзӣ, атласу адрас, зардўзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ кунанд. Мақсад аз кушодани ин марказ касбу ҳунаромузӣ барои бонувон буда, бо ин васила пайдо намудани ҷойи кори муносиб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази ҳунаромўзӣ 15 адад мошинаҳои муосири дўзандагӣ дастрас гардонида шуд.

Суроға: ш. Ҳисор, кӯчаи И. Сомонӣ 10  Телефон: +992-3139-2-53-02
Факс: +992-3139-2-53-68 E-mail: mihd_hisor@mail.ru